Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Ҳамон вақт пай бурда будам, ки Лоиқ марди лою об не.
Он замон ҳам луғатнома ҳамроҳ дошт. Акнун гардед: то қиёмат шоир ҳаққи ҳабдаҳ қолаб хишташро даъво мекунад. Гардед, ман шуморо як ҷо барам...
«Гар дар ҳама даҳр як сари нештар аст,
Дар пойи касе халад, ки дарвештар аст.»
Яке аз байтҳойи писанддидайи Лоиқ, ки аз зери андовайи девори мазори Хоҷа Муҳаммади Башоро пайдо кардаанд. Ҳамроҳи Лоиқ се бор ба мазору мақбара даромадам бо коре. Ҳар бор ба баҳонайи филмбардорӣ буд: бори аввал гоҳе ки Бақо Содиқ филми «Оттепел»-ро (Обшавӣ, нармшавӣ») мебардошт. Бори дуввум оне ки коргардони ҷавон Восеъ Мўсо филми «Санги сипар»-ро мегирифт. Бори саввум замоне ки коргардон Олимҷон «Чилмеҳроб»-ро наворгирӣ мекард ва маро ҳамчун мушовир ва яке аз муаллифони филм даъват карда буд. Ҳар бор ҳам ҷойи истироҳатамон ё Амондара буд ва ё хонайи модарарўси Лоиқ дар шаҳри Панҷакат. Дар ин муддат як бор Мирохур дар Мазор ба хонааш хонд моро.
Бори аввал Бақо як баррайи сафеди ҷаъдмўро миёни гулу гиёҳи боғи падариам ба навор гирифт, баъд модарам фармуданд, ки пеши пойи писарашон Лоиқ хун кунанд. Бори дигар дар бўстонсаройи Амондара, ки Матлуб Халифаев сохтааст, дам мегирифтем. Кова наворбардор буд ва дар навори видео филми сесоата гирифта буд. Чун ў фавтид, қартаро пайдо карда натавонистем. Бори охир Олимҷон заҳмати зиёд кашид: чун замона дигар шуд, бисёр касон, аз ҷумла директори совхози Марғедар ваъдайи саҳмгузорӣ карданд, аммо мадад расонида натавонистанд. Олимҷон хеле нигарон шуд пулро. Чун ваъда амалӣ нагашт, маҷбур шуд аз бойгониву филмҳойи пешин ба «Чилмеҳроб» порчаҳо дохил кунад.
Зани мардмиҷоз Додарой домодаш Лоиқро зиёдтар аз фарзанд медонист ва омадани ўро ид мепиндошт. Аз пешонийи Лоиқ бўсида, шодмонӣ мекард ва то будани ў дар хидмати Лоиқу меҳмононаш мешуд. Чеҳракушод, хандон, шукуфта менамуд ва дастархондор буданашро бо ҳунар ва фаровонийи нозу неъмат нишон медод. Агар баройи наворгирийи «Чилмеҳроб» як моҳ он ҷо монда бошем, ў бо чеҳрайи кушоду остини бар зада хидмат кард.
Сардухтур Нусратулло, ҷарроҳ Қаҳрамон, муфаттиши вилоятӣ Абдурауфи Ашўр, муфаттиш Абдуқаюм ва Ортуқбойи Завронӣ, Абдувадуди олимрайис барин дўстон зиёд хабар мегирифтанд.
Қаҳрамон аз Лоиқ мепурсид: «Мурғ хуб аст ё моҳӣ?» Ў матлаби ҷарроҳро дарёфта посух медод: «Ҳар ду хубанд; ин куҷову он куҷо?» Ва Қаҳрамон каме нишаста, ба баҳонайи бурун рафтан аз дарвоза мебаромад ва мурғу моҳӣ меовард, пасон бо дандон қадаҳро бардошта шароб мехўрд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор