Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

«Даруни синайи сардам дили садпора мегиряд,
Миёни хонайи бекўдакам гаҳвора мегиряд!»
Ҳеҷ садо ва ҳеҷ нола чунин набувад. Лоиқ эҳтиром мекунад Олим Искандариро. На баройи он ки шеърашро месарояд, бал аз он ки садояш худодод аст ва меросӣ, беназир.
Аз чархбол ба мошинҳо менишинем, Низомиддини шикастапоро ба мошини махсус менишонанд, то доктор озор наёбад, ки дар чунин ҳол ба эҳтироми шаҳрдорон омадааст. Ва мошинҳо сўйи мазори Одам-уш-шуаро роҳ мепаймоянд. Баъди тармиму таъмиру бозсозӣ мазору мақбарайи Рўдакӣ дигаргуна метобад.
Шаҳрдору шаҳрсозро ситойиш бояд кард. Корҳое мекунанд, ки дар тўли асрҳо нашудааст. Пайкарайи ҳакими тўсӣ даромадгоҳи шарқийи шаҳрро зеб медиҳад ва муҷассамайи ҳокими Суғд тарафи мағрибро. Дар миёна кохи мармарийи ҳукумати шаҳри Панҷакат.
Акнун Панҷакат анқариб шаҳри бостониро мемонад... Беҳуда ситойиш накунанд Абдурашидро.
Холиқи Панҷрўдӣ донандайи шарҳи ҳол ва осори Рўдакӣ меҳмононро бори дигар ёдовар мешавад аз рўзгору ашъори шоир ва мардум андар гунбади танги мазори саромади шеъри Аҷам намегунҷанд. Зинаҳоро пур мекунанд ва садойи шоир Мўъмин Қаноъат баланд мешавад, ки шеъри дўстдоштаашро мехонад:
«Ҳар бод, ки аз сўйи Бухоро ба ман ояд,
Бо буйи гулу мушку насими суман ояд...»
Ва Гулрухсор садо дар медиҳад:
«Бихандад лола дар саҳро,
Ба сони чеҳрайи Лайло...»
ва менамояд он духтаракони лолапўшро бар сари бомҳову деворҳо, канори ҷўю обкандҳо ва паҳлўйи гулбуттаҳову сабзаҳо, ки ба дидани Рўдакихисолҳо, шоирмисолҳо омадаанд.
Ва Лоиқ дар ҳама ҳолат кўтоҳ мегўяд:
«Рўдакӣ рафту монд ҳикмати ўй...»
Баъд тасмим гирифтанд, ки пояйи ҳайкали Рўдакӣ наврўзгоҳ дониста шавад ва ҳар сол Наврўз аз ин ҷо оғоз гардад...
Ва шоми он рўз дар кони тиллойи «Зарафшон»-и Таррор базми Наврўзӣ шуд, Ҷўрабеку Афзалшо гул буриданд ва роҳату фароғат мебахшиданд меҳмононро. Тамоми мардуми шаҳрак тамошову дидорбинӣ омада буданд. Шоирон шеър мехонданд, овозхонҳо месурўданд, носирон мушоҳида мекарданд. Зайниддин ҳам ташвиш дошту ҳам лаззат мебурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор