Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зеро дар ягон замон ин қадар ба адибу адабиёт ва сухану суханвар эътибор намедоданд, ки дар даврони Шўравӣ...
Қисса кўтоҳ: он сол се тан аз адибони арзандайи мо ба парламони Иттиҳоди Шўравӣ намояндайи мардуми тоҷик интихоб шуданд: Мўъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор Сафиева.
Баъд чӣ шуд? Қадри адибу адабиёту суханро кӣ бояд муайян мекард?
Соли 1997 анҷумани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бояд гузарад ва дар он райиси Иттифоқи нависандагон интихоб гардад. Миш-мишҳо дар ин ҷо зиёдтар буд нисбат ба он интихоботи шукўҳманд. Ҳарчанд ҳар лаҳза радиову телевизион ва рўзномаҳо маҳви маҳалгаройӣро ёдрас мекарданд, бедортар мешуданд адибон. Зеро як бедорийи ғофилгир ва бемаънӣ ба миён омада буд, «демократия» онро раҳнамойӣ мекард.
Миёни миш-мишҳо суоле ба миён омада буд, ки чӣ касе бояд сарвари адибони тоҷик бошад? Турсунзода барин кас. Чун ба Турсунзода монанду наздик набуд, Аскар Ҳаким номзадиашро ташкил кард. Баъд аз гўшае садо омад, Лоиқ низ номнавис шавад.
Танаффус эълон шуд, берун баромадем. Даву ғеҷ ва талвосаҳо зиёд буданд. Олим Я. назди ман омада вазъ пурсид ва фармуд: «Агар Лоиқ қавл диҳад, ки Ҷ.-ро муовин мегирад, ҳафтоду панҷ фойиз овоз таъмин мешавад.» Ман бо Лоиқ гуфтугў кардам. Ў посух дод: «Ҷойи муовин банд.» Ман маънийи ҳарфи ўро нафаҳмидам; Ё ў намехост, ки бо ташкил кардану дасисабозӣ райис шавад ва ё имон дошт, ки адибон баройи адабиёт овоз медиҳанд, на ба ташкилотчиҳо... ё... на ба оби чашм.
Вале натиҷаро эълон накарда яке аз аъзойи комиссияйи ҳисоб бо дастагуле ворид шуд ва сўйи Аскар нигарист. Аскар бархоста палтояшро кашид. Чун эълон шуд, ки Аскар ғолиб омад, аввал он шоира гулдастаро ба Аскар супорида, бўсидаш... Рўзи дигар шоира омада аз дафтари муҳосиба пули хидматашро гирифт ва чун маро назди ҳуҷрайи кориам дид, ба тавраш худро сафед карданӣ шуд: «Ба мо фармуда буданд, ки то охири кор булетенҳоямонро напартоем, чун ҳисоб карда бинем, ки вазъ чӣ гуна аст, баъд коғазҳойи худамонро низ ҳисоб кунем.» Ман ҳайрон мондам ва аз ў напурсидам, ки он фармонфармо кӣ буд. Балки ўро хондам ба дафтари кориам, ки Шарипов, Норинисо Фозилӣ ва Салим менишастанд...
Баройи райисӣ кори Лоиқ барор нагирифт. Зеро адибон на ба адабиёт, балки ба гиря овоз доданд. Бо вуҷуди он Лоиқ ҳамон Лоиқ буд ва дар адабиёт дастболо. «Фарёди бефарёдрас»-ро ба табъ расонд, ки симойи шоири беназир будани ўро равшантар кард.

пешина
аз 428
навбатӣ