Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Лоиқ идомайи онҳо. Мо хушбахтем, ки бо устод Лоиқ ҳамнишин ҳастем. Бахти мо...
Афзалшо месарояд:
«Чӣ хабар? Чӣ ҷангу даъво? Ту напурсу ман нагўям!
Кӣ шикаст мўҳрайи мо? Ту напурсу ман нагўям!..»
Мастон: Номи шумо – давлати мо. Обрўйи шумо – обрўйи мо. Рў ба рўйи шумо нишастан – бахти бузург. Дар кумитайи ташкилӣ номи ман ҳам бошад. Аз фарзандони ҳимматбаланди Зарафшон ҳастам. Ҳамин гилемро овардам, ки ба потон хор нахалад, устод!
Алиакбар нохун мекунад. Лоиқ матни онро, ки Лайло Шарипова мехонд, мегўяд:
«Бо сад ҳазор захми забон зиндаам ҳанўз,
Охир чаро ба хоки сияҳ менишониам?...»
Шеъри Шаҳриёр.
Алиакбар хиргоҳӣ мехонад. Афзалшо ба майдон меояд. Ҳама арғушт мераванд.
Афзалшо: Як ҷо рафтем. Як шоири ҷавон худро ба духтаре Лоиқ Шералӣ муаррифӣ кард. Духтар мойил шуд ба ҷавон ва рў овард: «Устод Лоиқ, як бор ҳамун китобатонро диҳед!» Ин замон устод Лоиқ ворид шуданд ва чунин ҳарфро шунида ҳайрон монданд. Ба устод Лоиқ сухан доданд. Устод сухан гуфтанд. Духтар ҳайратзада монд ва рў ба он кас овард. Чун шоири ҷавон ин ҳолро дид, ба ман гуфт: «Меравем.» Мо рафтем...
Лоиқ: Шумо ҳеҷ вақт духтарро монда намеравед.
Шарифбек: Не, курсиро монда рафтем...
Афзалшо: Сухан ба шоири ҷавон – қудо, бародар, хабаргирон
– Шарифбек.
Шарифбек: Дар назди устод Сорбон ба ман сухан гуфтан
– душвор.
Сорбон: Қурбон!
Шарифбек: Мо дўст, бародар. Мо хешу табор нестем. Хешу табор заномон. Мо ду нафар хешу табор шавем, корҳоямон нохуб мегардад. Ҷояш омад, Лоиқ будам, ё набудам, гузашту рафт.
Лоиқ: Бисёр вақт Лоиқ будӣ.
Шарифбек: Ҳозир ҳам ман Лоиқ ҳастам. Ҷое ки шумо набошед, ман Лоиқам. Ҷое ки шумо бошед, ман хап-ку! (Ба Сорбон) Устод, узр, ки пеш аз шумо сухан гуфтам.
Сорбон: Не! Ман сухан гуфтанӣ нестам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор