Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Лоиқ: Ин хулоса нест! Дар ин оғўши табиат, ҷавонписарҳо, мухлисҳо, ҳамдардҳо, ҳаммаслакҳо, ҳамақидаҳойи ман баройи мову шумо муҳити бисёр дўстона офаридаанд. Афзалшо, Азизмурод, Соҳибҷон, Фарҳод, Мастон, ҳоҷӣ Мақсуд ва дигарҳо хидмат карданд. Писарам Ромиш боре як гап гуфт: «Вақте ки акайи бузургам Афзалшо пеш медарояд, ман худамро пас мекашам. Гоҳе ки акоям сустӣ кард, маъракаро ба даст мегирам». Ҳамин мавридро Афзалшо ба Ромиш надодааст. Вагарна Ромиш барин писар дар дунё нест. Ман писари худро таъриф намекунам, ба он маънӣ, ки мо ба ў майдон надодем.
Афзалшо: Ромиш бояд такрори Лоиқ шавад.
Лоиқ: Имкон надорад. Ман гуфтам. Баччам тоқат бикун, вақте ки Афзалшо панҷоҳсола мешавад, ту ҳамин корро такрор мекунӣ.
Ё дар панҷоҳсолагийи Соҳиб... Фирдавсӣ ҳам писари ман. Комрон низ, ки ҳоло ин ҷо нест, аммо нақшаш, нақши кораш ин ҷо ҳаст.
Ҳамин тавр, мо бояд якдигарро комил кунем. Баройи хидмати имрўзаашон ҷавобашро аз писарони ман мегиранд; аз набераҳо низ, худо хоҳад. Ман ба қадами ҳамайи шумо саҷда мекунам...
Умедвор ҳастам, соли оянда ин муҳит фарохтар, бузургтар мешавад, мумкин навбати сухан гуфтан ба ман нарасад...
Сорбон: Аз роҳ он тараф мегузарем.
Лоиқ: Мегузарем. Шаст дег ош дам мекунем. Ман аз халқи Тоҷикистон нону намаки зиёд хўрдаам... Мо ҷойи намакхўрдаро фаромуш намекунем. Ҳамин ҷо омада, як саҷда карда меравем.
(Чой менўшад.) Зиндагие, ки ба шаст даромада шинохтам, дар шаш сол шинохтам... Ҳоло ман ба шаст даромадам-а?
Шарифзода: (Луқма.) Не-не! Ҳоло хуб ҷафо мекашед!
Лоиқ: Ягона чизе ки шинохтам, баройи ҳама мегўям мардона:
дўсти содиқ, дўсти содиқ, дўсти содиқ ва тамом. Дўсти содиқ бошад, ҳама чиз мешавад. Ин зиндагӣ ҳамин қадар маънӣ доштааст. Нон ҳам додӣ, ба дўсти содиқ бидеҳ, дастархон ҳам ба дўсти содиқ кушо, дилатро ҳам ба дўсти содиқ кушо. Намешад бо ҳар хел кас... воллойи азим!..
Гоҳе ки дар рўди Сиёма бо устод Сорбон... Фарҳод!
Фарҳод: Ман ин ҷо!
Лоиқ: Гоҳе ки мо дар лаби рўди Сиёма менишастем, самимияти инсонӣ буд. Мо ба дарё гап мезадем. Шукри худо, як натиҷайи об
1 покӣ аст. (Сиришк сутурд.) Акайи Салоҳиддин! Аз сулолайи модарийу падарӣ ягона ҳамин кас. Ман мардона мегўям, ёрдам карда наметавонам... Якто акойи модарзодийи худамро дар Панҷакат ёрдам карда наметавонам. Медонанд, ки Лоиқ дар Душанбе ҳаст.
- Натиҷа ба ҳам пайвастани фарзандони мо буд Як вай дорад, як гиреҳ дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор