Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Лоиқ баробари ба ҳуҷра даромадани ҳамширайи тиббӣ Назира мефармояд:

«Замоне дар лаби Варзоб дарёнўшӣ мекардем,
Кунун бар чаккачакконии духтур зор мегардем.»

— Шеърҳойи хубатонро дар ҳамин шифохона навиштед, устод.
— Табобат аз шумо, навиштан аз мо.
— Ғазалҳойи «Фарёди бефарёдрас» барин нависед. «Шеъре дар бемористон» барин нанависед.
— Дуруст мегўед, Назирахон, лекин он гоҳ ҳолат ҳамин тавр буд.
— Шумо ин хел чизҳоро мегўед, мо ҳар рўз бо чашмонамон мебинем... Шумо бояд умри зиёд бинед, аммо ноумедона нанависед.

«Паси шиша дарахтон урёнанд...
Чунин дарёфтам: гўӣ ҳама аз даст хоҳад рафт...
Ду чашмам баста хоҳад шуд зи дунёи пурафсона.
Замин аз зери поям мегурезад,
Само меуфтад рўи сарам чун боми вайрона.

Хаёлам, хома аз дастам биафтод,
Тапишҳойи ҷунунангез андар синаам хушкид.
Хаёлам, аждаҳойи марг
Даври пайкарам печид.

Хаёлам, кокулони ёр лағжид аз кафи дастам,
Хаёлам, зулфи маҷнунбед рўйи гўри ман хам шуд.
Хаёлам, (гарчӣ механдед, эй мардум!)
Зи базми шоирони Тоҷикистон шоире кам шуд...

Ҳама хомўшем. Чизе тезтар аз алмос даруни синайи маро неш зада мегузарад. Ва пай мебарам, ки доктор Соҳиб онро ҳис мекунад ва кунҷи лабаш кашида мешавад. Вале гуфта наметавонам ба онҳо. Боз гуфта наметавонам, ки бо ҳар кас чунин ҳолатҳойи тасвиркардайи шоир рух хоҳад дод, аммо на ҳар кас онро ба каси дигар гуфтаву фаҳмонида метавонад. Бисёр ғайрат кунад «қариб мурда будам» мегўяд. Шукр, ки Лоиқ ҳам чунин вазъу ҳолатро дар хаёлаш мебинад.
Ва якбора ман парешон мешавам баробари шунидани садойи «Мумкин не!». Дари толори «наҷот» баста ва касеро намегузоранд даромадан. Ва ин замон доктор Соҳиб пайдо мешавад. Лоғартар ва хурдтар гаштааст; чашмонаш фурўрафта ва абрўвони камонаш болотар кашида шудаанд ва ҷабинаш пурчин.

пешина
аз 428
навбатӣ