Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ҳай дареғ! Ту даҳон кушодӣ, пой ёзидӣ, Сор! Ин чӣ? Ин чӣ!?
Акнун туро сари бора мегузорам. Лоиқро хабар гирам, пасон зери хокат мекунам...»
«Дастгоҳи президент?.. Навбатдор? – Соҳиби сарпизишк дар сари телефон, оби чашм шорон мегўяд: – Ман аз бинойи касалиҳойи дилу асаб, Раҳмонов, сардухтур. Нависед: Ин субҳ 30 июни соли 2000, соати 4-у 20 дақиқа дили Шоири халқийи Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ аз задан монд...»
Дили ман низ монд аз задан... Медонистам, ки чашму рўй дорам, менигарам ба сўе, аммо намедонам ба куҷо ва баройи чӣ?
Чунон менамояд, ки ба ҳайкале чашми бино шинонида бошанд.
Карахт, беҳис, ноҷунбон, бетафовут... ҳатто он чӣ сардухтур гуфт, ман дарку фаҳм намекунам ва дар хоб шунидам он ҳарфҳоро. Гўё нигоҳам аз тирезайи бози духтурхона берун рафта, аз сари бора он Сори беҷонро меҷўяд, вале ман сарфаҳм намеравам ва ба касе гуфта наметавонам. Касе низ аҳволи маро пай намебарад, зеро ман қолаби беравон рост нишастаам...
Ва фурсатҳо баъд гўё ҷони Лоиқ ба тани ман омад. Ҳушдор шудам. «Чӣ-ӣ-ӣ? Чӣ гуфтед шумо?!» Сўйи Соҳиб нигаристам.
Вале ў ба чунин пурси бесадойи ман эътиборе надод. Ба хаёлҳойи хеш банд буд, сигарет миёни ангуштонаш дуд мекард чунон ки миёни ангуштони Лоиқ. Ў боз ба куҷоҳо ва ба киҳо занг зада хабар аз марги Лоиқ Шералӣ медод. Ба ҳукумати шаҳр низ, аммо чаро ин ҳарфи нофори гўшхарошро мегуфт, намедонам. Писанд намекард маро, фаросот намекард, ки чӣ қадар сахт мерасад ба ман. Сарфаҳм намерафт, ки тир мезанад ба ман, заҳр мерезад ба косайи шаҳдам... На! На айби ўст, даҳони ў низ талх гашта чӣ гуфтанашро намедонад. Мехоҳад чизе бигўяд ба мардум, то хуш бошад, вале аз заҳри зиёди дуди сигарет ва талхийи он чунин ҳарф аз даҳонаш мебарояд.
Як панҷа об ба рўям мерасад. Инро Соҳиб намебинад, зеро нимарў гашта боз ба куҷое занг заданист, то донанд, ки Лоиқ видоат карду рафт: «Он сарви дилхунро бигў, Лоиқ видоат карду рафт.» На! Ҳоло фурсати чунин ҳарфҳо нест! Вай ба Сор занг заданист, ки баробари Лоиқ ҷон дод. Ў маро огоҳ карданист, ки «танҳо мондӣ».
«Соҳиб, агар чунин пайкат рост аст, ман танҳо мондам. Танҳойи танҳо. Мисли Лоиқ – беравон. Андар боғи Адан аз он чаҳор наҳри худованд офарида яке хушкида ва аз ин рў оби чашми ман ҷорӣ намешавад. Гўё ба ҷойи гўшту пўстам мис кашидаанд ва ба ҷойи чашмам шиша нигоштаанд...
Эй Худойи ягона! Ба ту ширк овардан, эрод гирифтан мамнўъ аст! Вале рухсат фармо, то пурсам, ки магар аз Лоиқ азизтар касе надоштӣ, ки ўро бигирӣ? Магар аз ман камарҷтар касе набуд, то ўро танҳо гузорӣ!?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор