Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва сар шуд. Мо дар чӣ хаёлу фалак дар чӣ хаёл? Сар шуд, ки мазори ў дар куҷо бояд бишавад? Қоришариф ва Ҷамшед садо бароварданд, ки ҷанозайи Лоиқро ба Мазор баранд ва гўри ў бояд паҳлўйи дахмайи зодагон бошад. Вале ин андеша ба бисёр касон хуш наомад, ки Лоиқ фарзанди як маҳал ё рустое набуда, фарзанди фарзонайи Тоҷикистон аст ва марқади ў бояд дар Душанбе бошад. Напухт ҳарфи пайвандон. Пасон тасмим гирифтанд, ки дар Душанбе ба хок супорида шавад, вале шарте дорад:
дар теғайи рў ба рўйи мазори устод Мирзо Турсунзода ҷой дода шавад, то дарвозае шавад ба гўристони одамони машҳур андар Лучоб. Вазири фарҳанг Бобохон Маҳмадов ба бемористон омад ва ин назарро арза доштем. Ў ваъда дод, ки ин арзро ба Боло мерасонад ва ҳалшаванда аст...
Нашуд. Ин суханро касе ба инобат нагирифт. Ман ҳамроҳи Қоришариф бояд ҷойи гўри бародарро интихоб мекардем дар қатори хуфтагон. Сари манзил рафтем, ноумед шудем. Ман чашмдор набудам, ки беэътинойӣ мешавад нисбати Лоиқ. Чанд тан аз намояндагони ҳукумати шаҳр баройи ҷудо кардани гўрхонайи шоири беназири тоҷик Лоиқ он ҷо ҳозир буданд. Ба назари ман чунон расид, ки умуман Лоиқро намедонанду намешиносанд ва ё донистан намехоҳанд. Дуру дароз баҳсу талош шуд ва аз гуфтайи сармеъмор чунин баромад, ки қарор баройи ҳама як аст ва Лоиқ ба 5 х 3 метри мураббаъ хок ҳақ дорад. Ман зери обу арақ мондам ва акнун сарфаҳм рафтам, ки чаро пайвандон баройи ҷанозаро ба Мазор бурдан талош доштаанд. Лоиқро гўр накарда хор доштем.
Ман аз худ бурун рафта, дод бар онҳо задам: «Шумо медонед, ки Лоиқ баринҳо дар ҳазор сол як бор ба дунё меоянд!» Аммо азони ман беҳуда буд. Сармеъмор Ким ё Пак ҷоеро ба мо намуда фармуд: «Агар ҷойи васеъ хоҳед, ана ин замини рў ба рў. Баробари ба майдон омадан муҷассама метобад. Ҳам ба қибла...» Худоё, Ким қибларо ба мани мусулмон ёд медиҳад. Ба ростӣ номи ўро намедонистам, чунин муроҷиат кардам: «Сармеъмори мўҳтарам! Чӣ хел шумо қибларо ном мегиред, ки пушти ҳайкал ба қибла мешавад.
Дигар ин ки гўр дар паси муҷассамаҳойи Ниёзиву Муҳаммадиев меояд ва ягон зеб надорад...»
— Ин хел бошад, мо дигар ҷо надорем. Дар қатори дигарон гўр кунед!
Зиёд андешидам. Баъд ба Қоришариф рў овардам:
— Нашуд, ако! Он чӣ мехостем, нашуд. Чӣ кор кунем?
— Ман ҳам ҳайрон.
— Агар қадри Лоиқ ҳамин қадар аст, беҳтар аз паҳлўйи устод Улуғзода ҷое нест.
— Ба назари ман ҳам хубаш ҳамин.

пешина
аз 428
навбатӣ