Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Медонам, ки ту намерасонӣ чунин пайғомро. Назарат баланд. Дар он ҷо низ «Шоҳнома» мехонӣ, ғазали Ҳофизро такрор мекунӣ, рубойиҳойи Хайёмро, «Модарнома»-ро мехонӣ. Андар биҳишт наҳрҳойи асалу шароб ваъда шудааст, бо онҳо машғул мешавӣ. Дар ин дунё чунин будӣ: ба касе кор надоштӣ, чизеро халалгор набудӣ; атойи ҳар касро ба лиқояш мебахшидӣ. Ба моли кас чашм ало намекардӣ. Чӣ инсоне будӣ, Лоиқ!?
1 Бародари қиёматиам! Имшаб бо сурати ту рў ба рў будам; ҳамон сурат, туро канда гирифтааст – Лоиқи заминиву ҳақиқӣ, хоксору шикастанафс ва дар худ фурўрафтаро. Чунон ба ман менигарад, ки дилу ҷигарамро муойина мекарда бошад. Ба ҳар гўшае равам, дида ба он сў мебарад. Нигоҳаш хаста, имдодталаб...
не, имдодталаб не, мармуз. Чӣ мехоҳад, кас пай намебарад. Худи худат, аммо дилшикаста. Ва ман рў ба рўйи он мешинаму мегирям, дилдорӣ намекунад маро. Ором шав, намегўяд; ғам нахўр, намегўяд. Ман ғам намехўрам, лекин аз ғам зиёдтар ва зўртар чист?
Ҳа, ҳо он ки оҳанро мехўрад – занг. Ана ҳамон хел, дили маро андудааст занг ва пиндорам раҳойӣ нест аз он. Ягона умедам он аст, ки ашк зудояд занги дилро. Аз ин рў мўя дорам.
Бисёр нуқтаҳоро дармеёбад нигоҳи ў, вале ба пурсҳо посух намедиҳад. Ба назарам гоҳ заҳрханда мекунад, гоҳ тамасхур дорад, гоҳе ғамист, гоҳе шўрида; оне ноумед, оне норозӣ: оне омир, гоҳе ҳақир. Аҷаб сурате. Гўё аз қиёфайи башар сохта бошанд онро.
Чизе мехоҳад, чизе намехоҳад; чизе гуфтанист, чизе нагуфтанист...
вале...
На-на!!! Дарёфтам: худаш гуфтааст: «Навиштаҳоямро хонед, ҳама чизро дарёфт хоҳед кард.» Гуфтааст, навиштааст. Рост, рост!
Ҳоҷат ба ину он набувад. Ин авлиё гуфтааст ҳамаро... Бо вуҷуди он чизе мехоҳад аз ман. Пиндорам: ту маро медонӣ, мегўяд ё қиссайи маро навис, мегўяд, ё ягон ҳарфи дигар, ки ман сарфаҳм нарафтам. Аҷаб! Мо аз як нигоҳ мефаҳмидем андешайи ботинийи якдигарро, аммо чӣ аҷобате, ки яқин намешавад. Шояд ишора ба асбоби мурдани асли хеш дорад ин сурати безабон, ки касе он сабабро намедонад. Ҷуз Худову Лоиқ...
Осуда бош, бародари ҷониам! Кори аз дастам омадаро мекунам. Лекин дасткўтоҳам; дастам намерасад ба гиребони орзу.
Ана баройи чӣ касону нокасон ин қадар зўр мезананд ба мансабу вазифайу курсӣ, то дар сахтиҳо дастдарозӣ кунанд. Ман аллакай кўтаҳийи дастамро донистам: он чӣ мехостам, нашуд. Мехостам, ки гўри ту дар баландие ҷой гирад, ки миёни мақбарайи туву мазори Мирзо Турсунзода дарвозае гардад ба мазори номдорони кишвар. Охир ҷуз ту кӣ сутудааст, сурўдааст ба он пояе, ки
- Таъбири Лоиқ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор