Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ба ҳар чиз хафа ҳам нашав. Инро фаҳмаму онро донам, гуфта худро овора накун; одамро фаҳмидан аз бомбаи атомӣ сохтан душвортар... Гапи дигар ҳам ҳаст: агар фикрат дар бораи одам хуб бошад, гўй, ки ҳамаи одамон нек ҳастанд, мо беҳуда зиқ шуда дар бораи онҳо фикрҳои ғалат кунем, аз ҳамин фикрат нагард. Зеро дар бораи одам фикри нек пайдо кардан кори осон не. Ин як вақт пайдо шавад: ҳамон вақте ки бисёр китоб хонӣ ва аз китобҳо суде бигирӣ, одамони хубро пайдо карда, ба кору рафтори онҳо ихлос бандӣ ва пайрав шуда тавонӣ. Бихоҳӣ, ки калон шуда дар ҳаётат фақат некӣ бикунӣ. Ин хуб аст. Ҳамин ниятро набояд одам гум кунад. Ва баъд, вақте ки ба ҳаёти мустақил қадам монда, бо одамон чашм ба чашм шавӣ, бубинӣ, ки чашмҳо аз забон дида бештар сухан гўянд, ҳайрон шавӣ. Ҳайрон шавӣ, ки ҳоло дар асарҳо ин одамро надидаӣ ва дидан лозим нест, наарзад. Рост... наарзад; дар бораи одам фикри бад доштан аз рўи рисола набувад...»
— Саида, назди Хола-мулло рафта бишин, ман каме кор дорам,
– баробари аз дар ворид шудан ба завҷа гуфт Ромиз.
— Ман халал нарасонам, Ромиз, – аз чунин хоҳиши ў дар ҳайрат монда гуфт Саида ва шубҳаи ўро Ромиз пай бурд, ки китоби «Ашъори Рўдакӣ»-ро нишон дода «кори зарур» гуфт.
— Мадад кунам, Ромиз, – шубҳа кам нашуда фармуд Саида.
— Ту аз ман шубҳа барӣ?
— Шубҳа не, хоҳам, ки корат пеш равад, – гуфта Саида ба ҷогаҳ даромада дароз кашид.
Ромиз китобро пўшонида худро имтиҳон кард, ки ҳама шеър аз бар кардааст ё на? Шеърҳо азёд шудаанд, онҳоро ҷо ба ҷо бояд гузошт. Барои он ки манзараи саҳна равшан ва зебо бошад, моноспектаклро ду қисмат кард: «Ҳуснобод» ва «Бухоро». Дар рўи ду коғаз тарҳи Ҳуснободу Бухороро кашид. Ҳангоми кашидани расмҳо тариқи кор, дар куҷо истодани чиз, кадом шеърро дар куҷо хондан ва чун ҳаракат карданро хаёлан ба тартиб овард. Сонӣ ба шеърхонӣ даромад. Баланд-баланд хонд. Садои марғуладор, махмалӣ ва ширини ў ба гўши Саида форид; Ромиз шеър мехонд, ба гўши зан суруди беҳтарин хуштару гуворо расид.
— Барои ман хонӣ, Ромиз? – сар аз кўрпа бурун оварда пурсид Саида ва халалгор шуданро дониста, ҷавоб нашунида зуд сар зери кўрпа кашид.
— Гуфтам... Гуфтам, ки халал расонӣ...
— Гумон кардам, барои ман хонӣ, – аз зери кўрпа овоз баровард ў.
Ромиз омада паҳлўи ў дароз кашид. Кўрпаро андаке аз рўяш бардошт. Ва ба чеҳраи ў зеҳн монд. Дид, ки чӣ тоза аст ранги ў.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо