Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Он вақтҳо Ормони хурдсол чунин мепиндошт, ки дар ин манзил касе ҳаст, ки ба рўи тобасангҳои сиёҳ равған молида, онҳоро ҷилодор мекунад...
ва ҳоло ба назараш ҳамон кас ё пир шудааст ва ё кўч бастааст, ки тобасангҳо фарши хонаи бекас барин зери чангу ғубор ва ҳар гуна лашулушҳои барзиёд мондаанд. Ҳузновар. Гўё дар ин кўча ҳаёт ба охир расида бошад, гўё мардуми деҳаро кўчонида ба дигар водӣ муҳоҷир карда бошанд – чунон ки чиҳил сол пеш нисфи одамони ин деҳаро ба водии Вахш кўчонида буданд... Ҳатто кампири Иззат, ки ҳар бори омаданаш дар ҳамин тангкўча ўро боздошта, сўҳбати тўлонӣ мекард, имрўз наметобад.
Ў аз куҷое шунидаст, ки Ормон сўҳбатҳои ўро ҳикоят кардааст, даҳон то баногўш воз карда, сухан меронад. Ва мешавад, ки дарак аз омадани Ормон ёфта, шаборўз раҳбонӣ кунад. Сонӣ баччаҳо, ки аз омадани Ормон ба падар хабар доданд ва омадани ў тўл кашид, пирамард донад, ки кампири Иззат ўро дар тангкўча ба гап гирифтааст, асо ба сангҳои девор зада меояд: «Ў, апа!! – садо мекунад аз дур надонистаю надида. – О, апа! Гапатона омада дар хона гўед, намешавад? Кўки чашми ҳамаро канда карда ба гап ги рифта меистед?»
— Ёд кардам, додари апеш, ёд! Ман барои ин чӣ қадар маталу қарина ҷамъ кардаам. Хайрият, ки як каси ба қадри суханони мо мерасидагӣ ҳам будааст. Вагарна мо дар назди мардуми диёрамон
– лаққӣ, бекорхўҷа, гурги бекор... Оби дари хона – хира, додари апеш, ба қадри мо баъд аз сарамон мерасанд. Он гоҳ чоруқашон ғалбер, асояшон сўзан гардад ҳам, моро ёфта наметавонанд...
— Ман мегўм, ки ҳамин маталатона дар хона рафта гўед, намешавад, ки ман ҳам шунавам?
— То он ҷо меравам, ки аз ёдам мебарояд, додари апеш. Ормонро, ки дидам, ҳамааш ҷамъ шуда меояд, – мегўяд кампир ва ба Ормон рў меорад. – Ҳозир... тамом шуд...
Вале Ормон сумкаро рўи роҳ монда, ба пешвози падар қадам мезанад ва оғўш кушода ўро мебўсад ва торҳои абрўвони ба рўи чашми падар хамидаро сила карда, боло мебардорад, то ба чашмаш нахалад.
— Зарар надорад, мон... Акнун ҳамин... Миёни хамидаро поя монӣ ҳам, рост намешавад, – мегўяд падар ва ба кампири Иззат хитоб мекунад, то ҳамроҳашон рафта, давоми суханашро гўяд...
...Аммо ин дафъа ҳеҷ кадоме аз ин ҳарфҳо нашуд. Ормон рў-рўи тобасангҳои кўрсангшуда ором қадам мегузорад; гўё бар асари ҳазорҳо бор қадам гузоштаи даврони кўдакиаш пой мегузорад, вале хеле бомулоҳиза: ҳам оромии деҳаро вайрон кардан нахоҳад ва ҳам кампири Иззатро аз омаданаш огоҳ карданӣ нест. Вай аз пушти хонаи кампири Иззат гузашт ва ба гўшаш садои кушода шудани дарвозае расид.

пешина
аз 279
навбатӣ