Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

«Кӣ?» – чашм боло карда пурсид пирамард пеши офтобро гирифтани сиёҳиеро пай бурда. Аммо Ормон «ман» нагуфт, ки фоида надорад. – Келинчак? – боз пурсид пирамард. Ормон зону зада, паҳлўи падар нишаст ва даст ёзонда гардани ўро оғўш кард, ба рўи пурриши ў бўса зад. Аз чунин рафтор падар ўро зуд шинохт, низ даст ёзида сари ўро пайдо кард, андаке пеш кашида бўсид ва онҳо аз нав ҳамдигарро бўсаҳо заданд.
— Омадӣ? Баччаҳо нағзанд? – баъди гардани ўро сар додан пурсид падар.
— Нағз. – гуфт ва сар ҷунбонд, ки падар медида бошад. На.
На аз барои он. Балки сухан гуфта ё садо бароварда натавонист.
Зеро сари дил пур буд. Овоз кунад, дупўста мебаромад.
— Чӣ-ба гап намезанӣ?!
— Нағз-нағз!
— Чӣ-ба овозат дупўста? – пурсид ва посух нагирифт. Ангушт ба чашми писар бурда пок кард. Хушк. Нам надорад. — А-а-а?
— Нағз-нағз!
— Нағз-нағз… – нафорид ўро.– Гўё дар дунё дигар гап набошад?
— Дар дунё гап бисёр, лекин ба шумо лозим не.
— Ҳа-а, рост мегўӣ, ба мани мунда чӣ лозим? – пичингомез гуфт падар ва баъди сукут боз ба сухан даромад. – Не-е, ба ман лозим. Ман бояд ҳама гапи дунёро фаҳмам... Хитой чӣ мегўяд?
— Ҳазён!
— Чӣ-ӣ? Ҳазён? Не-е, вай ҳазён намегўяд. Дар кўҳнача ҳам, дар ҳозирааш ҳам бало аз Хитой мехезад гўянд... Ту чия медонӣ:
вай яъҷуҷу маъҷуҷ – мўру малах...
— Ҳозир давраи мўру малах не...
— А-а-а?
— Як вақтҳо ҳамин хел мегуфтанд – дар маталҳо...
— Не-е, ту масхарабозӣ накун, – сари афсўс ҷунбонд падар.
— Ман аз ту ин хел умед надоштам...
— Масхарабозӣ не, ман иқтидори давлатамонро медонам.
— Медонӣ? Чия медонӣ? Яъҷуҷу маъҷуҷро ҳам медонӣ? Одамони пастаки зардпўсти чашмтанг, гўшҳои дароз доранд, ки мисли мўру малах зер карда ояд, пеши роҳи онро ҳеҷ чиз гирифта наметавонад...
— Метавонад...
— Чӣ метавонад?
— Иттифоқи халқҳо ва техника.
Пирамард хомўш монд, хеле андеша карда боз сар афшонд ва гўё ки писарро медида бошад, чашми нобино ба рўи Ормон дўхта ба сухан даромад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё