Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дигаре низ занро аз ин зиёд таърифу тавсиф кард. Сонӣ онҳо сархуш гашта гарав бастанд, ки айни замон ба хонаи ҳамдигар раванд, чӣ иззату икром мебинанд. Сари кайф бозор даромада якдонагӣ тарбуз гирифтанд. Марди дуввум сари роҳ тарбузро ба хонааш дод ва ҳарду ба хонаи марди якум рафтанд. Зан онҳоро чунон меҳмондорӣ кард, ки дар так-так нест.
Мардак баъди хўрок фармуд, ки занаш тарбуз орад. Зан тарбуз овард. Мард тик-тик нохун заду «Ин намешавад, дигарашро биёр»
гуфт. Занаш ист не, бист не, «Ҳамин як тарбуз овардию чӣ хел дигарашро мепурсӣ?» гўён арбада кард. Марди дуввум «Акнун ба хонаи мо меравем», гуфт... Зани ин мард низ онҳоро ҳамчунон иззату икром кард ва баъди хўрок мард сухан накарда, тарбуз овард. Мард тарбузро гирифта нохун зад, «Инаш намешавад»
гуфт. Занак бурду дигарашро овард. Мардак диду боз «нашуд!»
гуфт. Занак боз бурду овард ва то чил бор. Марди якум донист, ки занак ҳамон як тарбузро меораду мебарад. Меҳмон ба тоқати зану ҳарфи шавҳарро ду накардани ў қоил шуд ва тарбуз нахўрда «омин!» гуфта хест... Ҳоло ҳам, ки бошад, зана боз занаш ҳаст, қудо... Келинчак! матали мана шунидед?
— Шунидем, шунидем! Шумо аз матал намонед!
...– Бўи себ... Бўи нони гарм... Бай-бай, Келинчак, дастатон дард накунад. Ман беҳуда матал намегўям...
Пирамард як дона себро гирифта миёни мушт дошта бо нарангушт хуб лат дод ва бо нохун пўсти як лаби онро канда ба даҳон гузошта макид ва боз ба сухан даромад:
— Шукри ҳамин Келинчак, – сар ҷунбонд ва андаке хамўш монд:– Ҷанг мекунад, бонг мекунад... Лекин агар ҳамин набошад, намедонам. ки чӣ кор мекардам? Падарраҳмат ин занак... нав қарина гуфтам-ку, ба шаъни ҳамин буд. Зани хубро мард дўст медорад, зани бадро Худо бардорад... Медонам, ки аз ҷонаш сер шуда сахт мегўяд, лекин боз дилаш месўзад. Мана аҳволам... Кўдаки пир, тифли бадхў; худам медонам, лекин илоҷаш нест: хўи бо шир ба тан даромада бо ҷон барояд. Ҳамаашро медонам, аммо ислоҳ нашудам... Акнун гўр ислоҳ мекунад. Келинчакро сахт азоб додам... Худо инро бубахшад... Лекин гуноҳи дигаре дорам, ки на Худо мебахшаду на банда...Худаш медонад. Парвардигор барои ҳамин гуноҳам рўшноиро аз чашми ман гирифт...
Ҳамин қадар гуфт ў, вале шарҳ надод, гўё ки ҳама ин муамморо медониста бошанд (дар ин бора ҳам баъд). Дар умрам ба ду кас сахт омадам: ба модарам ва ба занам. Дигар ба касе бадӣ накардаам. Ҳар қадар аз дастам некӣ омад, кардам, лекин рўи «бадиҳоямро» пўшида натавонист...

пешина
аз 279
навбатӣ