Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Табъаш хира, танаш ланҷ ва андаке ноҷўрӣ дошт. Бинобар он ба сафари роҳи дур дил накард ва хост бо телефон ҳама гапашро гуфта шунавад.
— Саломун алайкум! – одоб карда аз дари телефонхона даромад Ниёз.
— Ваалайкум салом...– ҷавоб гардонд Аҳмадулин ва ба пурсупос даромад: – Бедарак шудед, Мирзониёз? Чандин бор аз Панҷакату Самарқанд телефон омад, шуморо пурсиданд. Ман гуфтам, ки чанд рўз боз надидаам... Хизмат?
— Ба уезд телефон мекунам.
— Ба ҷону дил, Аҳмадулин гўшакҳои телпакашро пушти сар баста буд ва гўшаки телефон ба гўшу даҳон бурда, ду-се бор ало-ало гуфт, уездро ном бурд. Аз нав дастаи сандуқчаи телефонро тоб дод, баъд гўшакро ба Ниёз дароз кард, ки гап занад. Аз гўшак садои чуғз ва насиҳатн бобо меомад. Гўшакро аз гўшаш дур бурд ва боз наздик овард ва боз ба гўшаш ҳамон садои шум омад. Баргардонда гўшакро ба Аҳмадулин дод, ки худаш гўш кунад, то чӣ овоз мешунавад.
— Садо намеояд, Мирзониёз... Сабр кардан лозим меояд. Бишинед, ана дар он харак бишинед, хаста метобед... Ман кўшиш мекунам, ки дар ин муддат аз уезд ягон касро пайдо кунам...
Ниёз медонист, ки шариконаш ўро дар сари ҳавз мунтазиранд.
Барои ҳамин аввал ба ҳарфи ў розӣ нашуд, вале медонист, ки бо чунин вазъу ҳолат ба тарафҳои Панҷакату уезд рафта наметавонад, ба умеди телефон ба харак нишаст... Панҷаҳо ба ҳам харпанҷа андохта, паси сар гузошт ва ба девор такя дошт. Хеле хаёл кард ва ба гўшу майнааш ба ҷуз садои шуми чуғзу суханони бобо чизи дигаре намеомад. Вай хост ҳамин чизро ба Аҳмадулин гуфта, пурсад, ки оё дар урфу расми онҳо ҳам чунин чиз ягон таъбир дорад ё не...
...Ва ҳамин вақт «Ассалому алайкум, Худоро шукр,шуморо
пайдо кардем, мушкиламон осон мешавад» гуфта, чанд тан, гўё ки ба ягон мурод, муроди неке вз ё ёрие омада бошанд, паи ҳам мегуфтанд...
Мирзониёз пайдо шудани онҳоро дида ҳарчанд зўр мезад, ки харпанҷа боз карда хезад, аммо харпанҷаи дастонаш ё аз тарс ва ё ҳаяҷон қуфлу калид гашта, кушода намешуданд.
— Наҷунбед, Мирзониёз, бинишинед! – гуфта яке пеш омад ва таъзим карда гуфт: – Мирзониёз, аз тарафҳои Урусистон писарамон мактуб кардааст, оламро гаштем, каси басаводе наёфтем, ки ҳарфи урусро хонда тавонад. Гуфтанд, ки шумо ин ҷо ҳастед ва ҳарфи урусро медонед...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор