Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ку мактуб? – пурсид Ниёз ва кўшиш кард, ки харпанҷаашро кушояд, аммо дастони қуфлу калид аз паси сар пеш намеомаданд, гўё он ҷо ширеш баста бошанд.
— Ин аст мактуб! – яке корди зери остинро ба шиками Ниёз зад.
— Ин аст мактуб! – дигаре такрор кард ва саввумӣ идома дод ва чаҳорумиву панҷумӣ ба онҳо пайравӣ карданд – ба шикам, паҳлў ва синаи ў корд мезаданд. Ниёз, ки ангу манг монда буд ва дасти кушодаву яроқе надошт, худро ҳимоя карда натавониста, гоҳ ба девор бармехўрд ва гоҳе ба якеи онҳо. Корде шиками ўро бидарид, рўдаҳои Ниёз берун омад... Магар онҳо аз садое ва ё аз омадани касе хавф бурданд, ки пасиҳам дартоз бадар шуданд...
Ниёз ба телефончӣ нигоҳ карда ўро надид ва шикам ба девор пахш кард, ки рўдааш ба замин нарезад... Ва ҳамин вақт тори гирифта кушода гашт, ки дастонаш раҳо шуданд ва ў бо бари ҷома рўдаҳоро ба шикам пахш карда, аз дари телефонхона баромад. Ў хуни шорон ва мадори рафтаро ҳоло пай набурда буд, ба назараш танҳо рўдааш баромадааст ва худро пушти Саманд гирад, ҳама кор хуб мешавад, аз пардаи даридаи шикам кас намемурад, хаёл мекунад ў ва ба назараш асп чунон дар дуриҳо намуд, ки ба гаштан онро дарёфта наметавониста бошад... Ҳис кард, ки пойҳояш вазнин шуданд; базўр якеро пеш мепартояд ва дигарашро то пеш мегузорад, ки фурсати зиёд мегузарад: «Коре карда ба Саманд савор шудан лозим». Калавид, лекин наафтид.
Маълум, ки пойҳояш итоат намекунанд. Баумед ба атроф чашм давонд; ёру ёвар меҷуст, ошно меҷуст, ақаллан ягон савобҷўро дидан мехост. Ҳайҳот! Ҷонзоде наменамуд: «Наход, ки Умар ҳам мисли ман ятим монад?» ҳамин қадар андеша карда тавонист, ятимиро ба ёд овард, ки ба касе раво намедонист... Аз ҷонвару ҷондори олам танҳо Саманд ба чашм менамуд, ки дур буд, чунон дур, ки садо кунад ҳам, то он дурӣ намерасад, ки вай пеш биёяд.
Бо вуҷуди он Ниёз ба дасти чап ҷома ба шикам пахш карда, дасти рост пеш ёзонд, ҷониби Саманд дароз кард, ки ҷонвар дида пеш ояд ва ҳайрон монд, ки чаро Саманди рамузфаҳм ишораи ўро пай намебарад: «Дур, барои ҳамин». Аммо Саманд дур набуд, ба чашми ў дур метофт. Ниёз медонад, ки аспро ин қадар аз телефонхона дур набастааст. «Шояд ин ғаддорҳо дур бурда бошанд, ки ман расида натавонам». Ва ў дар талоши ҳаёт пой ба пеш меандохт ва яке ба худ омад, ки Саманд наздики наздик аст, тамоман наздик. Танҳо зўре лозим аст, ки пой ба рикоб гузошта худро пушти асп гирӣ. Хаёлаш ки пештара барин ба як ҳамла худро пушти асп мегирад... аммо пой бардошта ба рикоб гузошта наметавонад, барои пой ба рикоб гузоштан дастҳоро холӣ кардан лозим, ки он гоҳ рўдаҳо мешоранд... Боз дасти чап раҳо карда рикобро дошт ва зўр зада пои чап бардошта ба рикоб ҷой кард, аммо зўри боло кашидан надошт, то ҷуссаашро бардошта пушти зин гирад, даст лозим буд, ки аз зин дорад, зўр лозим буд, ки вазнашро боло кашад...

пешина
аз 279
навбатӣ