Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар як шаби тира ўро чунон бардошта бурданд, ки ҷонзоде пай набурд ва касе надонист, ки ўро куҷо бурданд, барои кӣ бурданд.
Ба кӣ пешкаш карданд... Сонӣ-сонӣ чув-чуву миш-миш шуд, ки Ширбадан ба касе дил дода, якқавла шуда шабҳангом ғайб задаанд, ки аз ҷои рафтаашон касе дарак наёбад. Гапи мардум. Дар бораи ў касе чизе намедонад: ўро дев бурд, парӣ бурд ё одам бурд, касе намедонад...
...Бобои Наврўзро ба хок супориданд.
Баландии қабристони деҳаи Неконро одам зер кард. Дар сари ҳар қабри кўҳна як одами зинда меистод. Давра чўпон васеъ шуд, ки садои домулло имомро на дар вақти пешнамоз, на дар сари гўр қисми зиёди ҷанозахонон нашуниданд. Бобоколони баэътибору табарруки Умарро ба хок супориданд ва ҳар кас умед дошт, ки аз мурдаи ин пири бапир тоқиворе бигирад, то дар сари китф ва ё камарчаи ошхўраки кўдакаш тўморе бикунад, ки фарзандаш мисли бобо мўҳтарам ва арҷманд гардад.
Вақти баровардани тобути ў ҳар фард кўшиш мекард, ки дасташ пештар ба пои тобути бобо расад. Ҳангоми аз дарвоза баровардани тобути ў дар пеш роҳу растае набуд. Тобутбардорон наметавонистанд, анбўҳи одамони гўё дар тангкўча зўран ҷокардаро дарида тобутро пеш баранд. Ва тобути бобо сар-сари даст, аз тори сари одамон гузашта то охири кўча рафт. Онҳое ки аз талвосаи зиёди одамон дар деворҳо пахш мешуданд, даст ёзида, кўшиш мекарданд, ки ақаллан дасташонро ба пои тобут ва ё ҷойнамози тобутпўш бирасонанд. Тобути ба ранги гаҳвора оростаи бобо, ки акнун ба пири деҳа буданаш ҳама имон оварда буданд, вобаста ба баланду паст будани қади одамон лангар хўрда мерафт, фарёди девонбегӣ ва маъракадоронро баланд мекард, ки эҳтиёт бошанд, тобут чаппа нашавад, ки оқибати хуш надорад: тобуте, ки лангар хўрда рафт ва ё чаппа шуд, аз пасаш бисёр тобутҳоро мекашад... Онҳое, ки аввалин шуда тобути ўро бардошта буданд, дигар ба он расида натавонистанд. Гўё тобути ў миёни осмону замин муаллақ парвоз мекард; онро одамон не, ҷолибае мебурд, ки ҳамаро ҳайрон мекард.
Чунон ки худи бобо парвоз карда ба дидори наберааш Мирзониёз мерафта бошад. Ҳамчунон буд, ки мардум аввалодами ин диёрро ба хок медоданд. «Бобокалонам, бобом!» садои Умар буд. Ў мурдаи боборо надида буд, вале мурдаи падар ва бобокалонро дид. Бурҳон ба ў мотамшарик буд ва аз бозуи чапи вай дошта, аз ҳама ақиб мерафт. Вай натавонист, ки анбўҳи одамонро дарида пешопеши тобути Бобокалон биравад. Фақат вақте ки тобутро дар ҳамворие гузошта, ҷаноза мехонданд, Умар даррасид ва баъд дигар хешовондон барин миёнбанди пеш-пеши тобут шуд.
Боборо ба хок супориданд... Умар танҳо монд.
Сабзинаи сафедмўи раҳима, ки аз алами зиёду гиряи пайваста чашмаш хира гашта буд, парастори ягонаи Умар шуд. Ва агар дар ин шабурўз Бурҳон намебуд, Умар намедонист, ки сар ба куҷо занад...
...Усто Қодир сари мардӣ иморатро рост кард: ба мадади ин ду писар, ки ду боли расо барин ўро парвоз медоданд, иморатро чўбкорӣ кард; сияҳпўшу каҳгил кард, андуд, дару тирезаашро шинонд ва дастмузд нагирифта, бо Умар хайрбод кард ва ба умеде, ки боз ба дидор мерасанд, аспашро аз дарвоза ҷилав кашида баровард.
Бурҳону Умар вақти видоъ монанди ду марди бузург ҳамдигарро ба оғўш кашиданд, вале мисли ду тифл гиристанд.

пешина
аз 279