Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Ҳеҷ қисса не, бишинед, – аз китфи ў пахш мекардагӣ барин даст бурда гуфт бобо, – Бишинед, бандед.
Усто аз болои намадмут латта печонда пояшро баст ва табассум карда хест ва ба ҳурмати Бобо обдаста аз дасти ў гирифта лангонлангон ҷониби шар-шар рафт ва аз ҳамон дам лақаби «ланг»-ро гирифт ва минбаъд ўро мардум Усто Қодири ланг меномиданд.
...«Куҷоҳо мегардӣ дайду барин?!» баробари аз дарвоза ворид шудан фарёд зад Ширбадан.
Умар дар ҷояш шах шуд, Бурҳон низ ҳам. Умар ҳайрон монд, ки модараш то ба имрўз чунин муомила накарда буд, овоз набароварда буд, ба ў сахт нагуфта буд. «Ўро чӣ олуғда карда бошад?»
Вай ба ҳамин маънӣ ба дидаи модараш зеҳн монд, вале аз чӣ бошад, ки модар ба нигоҳи ў тоб наоварда зуд ҷониби ошхона рафт.
Бурҳон дид, ки чунин рафтор ба ин зани фариштахў намезебад; аз чунин рафтор ҳуснаш коста, ранги дигар мегирад, чунон ки моҳ ҳангоми хусуф.
Ширбадан пай бурд, ки кўдакон ба ў ҳайрон менигаранд ва барои он ки ўро як зани шаттоҳи бепарда ва хирасару хирарўй напиндоранд, зуд ба ошхона гузашт ва шарҳ ҳам надод, ки аз чӣ рў чунин рафтор мекунад. Вай ду-се бор ҷониби шар-шар, ки ҳоло ҳам усто он ҷо менишасту бобо наздаш ба асо такя зада меистод, нигарист, то кўдакон аз ин нигоҳи ў чизеро дарк кунанд, рафта ўро бинанд ва Ширбадан аз хиҷолат барояд.
Усто хест. Кўдакон пои латтапеч ва ҳангоми гаштан пояшро давр занонда, оҳиста ба замин гузоштани ўро дида, тааҷҷуб карданд. Бурҳон карахт меистод ва гумон мекард, ки тохта рафта чӣ шудани пояшро пурсад, падар иллат мекунад. Аз ҳайрат нўги остин мехонд! Баъд худ ба худ ашк рехт.
— Ин ҷо биё, гиря накун, ман намурдаам, – хандида гуфт усто.
— Ман ҳам мисли ту падар доштам. Гумон накун, ки ман ҳамин хел ба дунё омада бошам. Дар шикори кабк аз кўҳ афтода пояшон шикаста буд. Ҳикоят мекарданд, ки баробари афтиданам пай бурдам, ки поям месўзад. Дар они воҳид пой мисли гуппӣ варам кард, мукиро кашида нашуд, бо корд чок карда дидам, ки поям шикастааст. Асои дастамро шикаста аз чор тараф монда бо фўта сахт бастам ва то деҳа омадам. Ман чӣ хел лангон омадани ўро дида будам. Ва имрўз мебинам, ки қисмат такрор мешудааст...
Лекин пои ман сиҳат. Андаке неши потеша расид.
...Ширбаданро дуздиданд.
Ба қавли бобо «як пояш дар лаби гўр», хона нимбуд ва Ширбадан ҳоло ба худ наомада, ўро дуздиданд. Бобо ҷо ба ҷо мурд.
Забони Умар гирифт... деҳа ба по хест. Дўст гирист, душман хандид. Вале Ширбаданро дарёфт накарданд... Фақат Усто худро маломат мекард, ки чашми ў расид ба ин олиҳаи ҳусну малоҳат...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор