Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Аммо худдорӣ карда натавониста, баланд-баланд овоз бароварда гирист. Хории барои падар омадаро боздошта натавониста ва роҳро бе роҳбон дида, сахт гирист, то дар манзили падар овоз набарорад, ки хуш надорад. Ў ба хориҳои падар ва шиканҷаҳои модар гирист. Гирист, ки падар дар ин рўзгори кўтоҳ бисёр дида ва пур карда (дар ин хусус ҳам баъдтар), давлати пирӣ наёфт: оҷиз шуд, нотавон шуд... Ў сахт гирист, то дигар нагиряд.
«— Чанд пул овардӣ, Ормон?» – хаёлаш, ки садои бакавули деҳа омад.
«— Чанд пулашро намедонам, лекин барои гўру кафани падар мерасад» – хаёлан ҷавоб дод ў ва аз чизе бим кардагӣ барин ба раҳурў, ба атроф нигарист ва касеро надида, оҳи бадард кашид ва боз газро пахш кард, сахт пахш кард, то аз давраи дафни падар намонад. Аз васияту рўи гарми ў маҳрум шуд, ақаллан ба давра расад, хароҷоти гўру кафани падарро бардорад; ҳарчанд ки ба ин чиз эхтиёҷе нест – пирамард мисли дигар мўйсафедон пешакӣ ғами гўру кафанашро хўрда буд. Ва қариб ҳар бори омадани Ормон мепурсид: «Ҳеҷ чиз дорӣ? Дар касса ё дар таги сандукат ҳеҷ чиз ҳаст?»
— Ҳаст.
— Ҳа, не-я...– бовар намекард пирамард.– Зиндагии шаҳр душвор.
— Не-не, ҳаст, – ўро ором карданӣ мешуд Ормон.
— Хайр, чандта ҳаст? – ором намешуд пирамард...
— Ҳаст-ҳаст...
— Ҳа, не-я... Ў! Агар набошад, ана чанд гов ҳаст, гўсфанд ҳаст, ман бозор рафта наметавонам, бурда фурўшу пулашро гирифта бар...
— Ин гапҳоя монед, – ба китфи падар даст монда мегуфт Ормон.
— Не-е, «ин гапҳоя монед» не... зиндагӣ кардан лозим... Медонӣ дар синну соли ту ман чӣ хел зиндагӣ мекардам?.. А-а? – ҷавобе нашунида боз пурсид пирамард.– Ба ҷавоб додан хушат намеояда? – байни абрўвони ў гиреҳ занад.– Лекин ман борҳо гуфтам, боз мегўям, ки дар ин синну сол қадам мепартофтам, замин меларзид.
Садои поямро шунида ҳамсояҳо «Бурҳон омад» гуфта аз даричаю сари деворҳо нигоҳ мекарданд...
Ҳамаашро ба ту гуфта будам; гуфта будам, ки барои чӣ маро «Командирча» мегуфтанд; «Командир», «раис», «селпо», «оқсакол»... «ҷувозкаш», «осиёбон», «галабон» ном мебурданд. А, гуфта будам-а?
— Ҳа!
— Гуфта будам... Бовар накунӣ, аз очат бипурс. Лекин ман ба ҷавонони инзамона қоил: бинешона доред, ҷонашон мебарояд – худи ки дар умрашон нон нахўрда бошанд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё