Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Диққат диҳад, ки момо зимни гиря чӣ гўяд? Бисёр чиз гўяд, қариб ҳама сирру савдоро гўяд ба мисоли достон, аммо кўдак онро нафаҳмад, пай барад, ки момо номи Нориро гирад, авлоди усто Қодирро гўяд, падар гўяд, писар гўяд, ҷо-ҷо номи ў
– Ҳасрат зикр шавад ва аз сўхтан оби чашми момо рух занад. Гўё дар олам алами аз ҳама зиёдро ҳамин момо дорад, момои модарӣ ва ба гўши ў ҳамааш алла расад. Момо барои хобондани ў зиёд азоб кашад ва қасд кардагӣ барин дар чашмони ў хоб нест. Боз шунидан хоҳад қиссаи ба дунё омаданашро, қиссаи зинда ба зинда гўр кардани модарашро... пасон фаровард кунад момо: «Пурҳасратам, пурармонам, берўзиам, ал-ла!» Баъд...
...ва баъд Норӣ пайдо шуда, чанг зада, кўдак аз оғўши ў рабояд, ҷониби хонақоҳ тозад...
Бобои Зуҳур гоҳ сахт нигоҳ кунад, гоҳ эътибор надиҳад, гоҳ аз сари роҳ тела дода гузарад, гоҳ аз ҷое омада, аз кисааш ягон чиз бароварда диҳад, гоҳ «садқаи чиз шав!» гўяд, гоҳ дашном кунад, гоҳ навозиш ва ҳоло ки рўи бистар аст, мусулмон тобад, пурсад: «Ҳасрат куҷост?» Бошад, наздаш дарояд Ҳасрат, набошад, «пайдо карда оред!» гўяд. Баъд паҳлўяш нишонад. Чанд бор нигарад, чашм гирад, чашм дўзад, ки ба ў заррае монанд ҳаст ё на ва ба ишораи даст гўяд: «Бишин, наздиктар бишин!» Наздик шинад. Бобо даст ёзида сару рўи ўро молад, пас даст ба пушти гарданаш бурда, пеш кашида, ба банди дилаш пахш кунад... Ва кўдак дарёбад, ки ў гиряд...
Момои Шарифа аҷоиб: ўро ки дид, дурудароз нигарад, хомўш нигарад ва рў ба рўяш нишаста, сокит монад, андешаи зиёд кунаду чизе нагўяд, ягон чиз напурсад. Дурудароз ба ягон нуқта нигариста андеша кунад – чунон ки ҳоло ҳамин зайл аст...
Ва боз амаконаш: на ханданд, на бозӣ кунанд ва на пурсанд...
Боз одамон: байни худ чиҳое гуфта, ишораҳо карда, хандида гузаранд: «дупадара».
Ин ҳамаро ў бинад, шунавад, аммо чизе нафаҳмад... Агар сахт дашном кунанд, гиряд...
Инак ин одами нав ба ў эътибор надиҳад. Лекин аз ҳама зиёд дикқати ўро ҷалб кунад... Ба момо нигарад, ки дар ин бобат чизе мегуфта бошад. Ў низ ба ҷавонмард нигарад, то илтифоте кунад, Бурҳон эътибор надиҳад. Надонад, ки чӣ кор кунад. Гиряд? Ва ё аз бари домони ҷавонмард дошта худро овезад?
— Як кас нест, ки бомакои маро тоза кунад! – садои кампири Моҳбӣ ҳама чизро пароканд: хаёлҳоро, орзуҳоро, нақшаҳоро.
– Ҷўрабой ё Сангинбой ҳастанд?
— Биёед, холаи Моҳбӣ... Онҳо ба ҳезум рафтанд.
— Бурҳониддин ҳамин ҷо-ку, дардат занад, нағз ҳастӣ?
— Шукр, хола, ман рафта боматона тоза мекунам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо