Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Ҳо, не-я... волло бомам кўли об шавад ҳам, монам, ки тори бом бароӣ. О, мо туя чӣ қадар нигарон шудем? Дардат занад-э, балот занад-э, пеши пот мурам-э, наход ки ту бом тоза кунӣ?.. Аз дасти ун оҷизаам коре наояд, ки... Аспат тайёр, боз сафар дорӣ, Бурҳониддин?
— Не, саёҳат! – ҷавоб дод ў ва ба сараш зад, ки чӣ шавад, агар ин пиразан назди Гулсифат рафта матлабу муроди ўро фаҳмонад?
Баҳузур зеҳн монд ба пиразан, ки кайҳо боз ўро надида буд ва гўё бо чунин нигоҳ рамуз гирифтанӣ, ки аз дасти ў чунин кор ояд ё на? Бинии дароз, чашмони фурўрафта, абрўвони дароз-дарози тори хонаи чашм хамида ба Бурҳон чандон нафорид: «Ба ў бовар карда нашавад». Нигоҳашро аз пиразан гирифт ва бо гўшаи чашм писаракро дид, ки ятимона сар хам карда, нўги остин хояд. Дар дили Бурҳон раҳм оташак зад ва барои он ки аланга нагирад, об зад – худро маҷбур кард, ки дар бораи ин писар фикр накунад.
Бурҳон даҳона ба даҳони Саманд андохт ва ҷаҳида бар пушти лучи асп нишаст. Ҷилав тофт сўйи Таги Ғор. Саманди рамузфаҳм чунон рафт, ки ҳама умр зери рони саворе бошад: ором, итоаткор.
Бурҳон ҷилав зад, то Саманд қадам тезонад, вале пушти боғи усто Карим ҷилавро кашид. Шарм кард гўё, ки аспаш бараҳнапушт аст, Гулсифат дар чунин ҳол бинад, хуб нашавад. Ҷилав гардонд ва баргашта ба хона омад. Моҳбӣ ҳоло ҳам он ҷо буд; пойҳои сармохўрдаро дар оташи сандалӣ тоб дод ва аз воқеаҳои деҳа гуфт:
— Зуҳур Самарқанд рафтаст. Гуфторо, ки андозро ҷамъ оварда натавонистаст, талаб кардаанд, касалокасал рафтаст...
...Ва қозӣ боз Шарифаву Бурҳонро наздаш хонда маслиҳат дод, ки аз деҳа кўчида ба ягон ҷои дигар раванд... «Амин Самарқанд рафта. Гўё аз рўи қозӣ шикоят дошта, ки аз ўҳдаи қозигӣ намебарояд. Аз ин рў халқ на маро гўш мекунаду на ўро...» Илова кард, ки ў раҳми Шарифаро хўрда ба чунин рўз афтода. Шарифа дар фароварди сухан «Мо ҷои рафт надорем, куҷо кўчем?» гуфт. Қозӣ маслиҳат дод, ки роҳи беҳтарин оштӣ кардан аст; ҳам Бурҳон зиндагӣ ба роҳ мемонад, ҳам писараш аз ятимӣ мебарояд.
Шарифа ба чашмони рўбаҳонаи қозӣ сахт нигарист, дандон ба дандон монда худдорӣ кард, аммо дер напоид, кафид:
— Шумо чӣ раҳм мекунед ба ман? Гуноҳам бошад, парронед!
Овезед! Аммо ҳар дафъа маломат накунед!
Шарифа бархосту доман афшонд. Бурҳон забон хоид, то аз даҳонаш ҳарфи ноҷо набарояд, то зўри бозу кор нафармояд:
«Астағфируллоҳ!» зери лаб гуфт ў, то ҳама изтиробу ғазаб фурў резад. Шунида буд, ки дар ҳар кор таҳаммул бояд, умри ситеза ва шитоб кўтаҳ бувад.
Шарифа аз гирудорҳои пешин дар ғазаб нашуда буд, ба танг наомада буд, балки ҳукми воҷиб медонист ва сари гурез дошт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо