Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фаҳмиданд, ки модар сер нашуд. Боз оварданд. Нўшиду ба чапу рост нигарист ва рафтори писаронро дида, ҳайрон монд:
— Чӣ шудаст?
Ва ҷавоби эшонро нашунида, боз пурсид:
— Дуру дароз хоб рафтам?
— Андак... Бедор накардем, ки...
— Бедор накунед ҳам, худам мехестам... Медонам чӣ қадар корҳои нокарда ҳаст! Ё пирам!
— Момои Моҳбӣ гуфтанд, ки то ман наоям, очат аз ҷояш наҷунбад, – чизеро пай бурда гуфт Бурҳон.
— Не, рўҳам сабук, бояд хезам.
«Зани Кабир сари хишт рафтааст» хабар овард кампири Моҳбӣ.
Шарифа чиро дар назар дошт, ки гуфт: «Яке дар бистари беморӣ зардоб гирад, дигаре сипа-сиҳат мирад...» Ва писарон ба якдигар нигаристанд, ки чаро модар чунин гўяд. Магар кўтоҳие гузашт аз онҳо?
— Хуб хоб кардед-дия, Шарифабону! Кўфти зиндагӣ аз танатон рафъ шуд, – фармуд Моҳбӣ.
Шарифа ба Моҳбӣ нигарист ва дар лабонаш хаёле табассум дамид: «Чунин хоб ба касе насиб накунад» гуфтанӣ, гумон кунад, ки мадораш нарасад. «Бигзор хаёл кунанд, ки дерёз хобиданамро надонам». Пой ҷунбонд.
— Инак хезам мешудагист?
— Хезед, Шарифабону... Писаронро зан додан лозим...
Ҳар се даҳон кушода нафас гирифтанд, то гиряашон маълум нагардад.
— Як нафас берун бароед! – ба писарон фармуд Моҳбӣ. Ва рўиҷо паҳлў афканда, дасту пои Шарифаро хабар гирифт.
— Соз! – муроди Моҳбиро дониста гуфт Шарифа. Моҳбӣ сари ўро ба банди дилаш пахш кард, то хушнудиашро зоҳир гардонад.
Баъд мадад кард, то хезад.
Хест. Қадам андохт. Бурун рафт. Писарон ба ў дарафтида, гиряи гулўгирро сар доданд. Моҳбӣ ба модар фаҳмонд, ки онҳо шодмонӣ доранд. Сонӣ хаёли ўро дигар кард: – Шарифабону, ба дарвоза нигаред!
Даруни дарвоза Ёдгор сари остин хоида, маътал ба ишораи касе чашм сўи эшон дошт. Шарифа ба Бурҳон нигарист. Бурҳон сар хам кард ва барои дили модар сўйи дарвоза рафт. Писарро сари даст бардошта омад. «Модарон донанд, ки фарзандашон аз кист» аз дил гузаронд ва ба Моҳбӣ фаҳмонд, ки он тарафаш худаш равад...
Бурҳон Ёдгорро пушти Саманд нишонд. Кўдак ба завқ шикам ба шонаи асп партофта аз ёли он сахт дошт. Шарифа бо барф дасту рўй шуст, ба рафтори Бурҳону Ёдгор нигарон монд. Ба Ҷўраву Сангин ишора кард, ки бинанд.

пешина
аз 421
навбатӣ