Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бурҳон машғул буд бо Ёдгор, вале ҳушу ёдаш ба дигар ҷой банд буд. Баъд фаҳмонд:
— Гулсифат ҳайф шудааст, оча!
— Маъқул буд ба ту?
— Ман орзу доштам, ки духтари ба холаи Ширбадан монандро бинам...
— Додот ҳам орзу доштанд, ки ба писаронашон Ширбадан барин арўс ёбанд.
Бурҳон ин ҳарфро ба таври худ фаҳмид: модар розист, ки ў Гулсифатро аз роҳ занад.
Ў боз камон аз зери коҳ баровард, роҳи шикор пеш гирифт. Бо роҳи Таги Ғор рафт. Аз гардани боғи усто Карим гузашт. Гулсифатро надид. Ў бими қозиро надошт; гумонаш ҳама ҷо оромист.
Дигар дар бораи камони ў напурсанд. Розист, ки Гулсифатро бинаду дарди дилашро гўяд ва камонашро гиранд. Бурҳон ин навбат ягон тир напарронд. То ғори гурги Кафтор рафту нишаст, нишасту баргашт. Лекин дар танҳоии дами ғори пушти боғи усто Карим аз як гўшаи дунё даромаду аз гўшаи дигараш баромад: аз Амондара то Русия, аз Русия то Амондара. Вале ягон чиз дар дили ў нагунҷид ҷуз ёди Гулсифат... Рўз бегоҳ шуд. Ўро надид. Ба хона омад. Баҳона кард, ки кадом зани дуҷон сангдони кабки шикоркардаашро хўрдааст, банд афтида, тираш ба нишон нарасад.
Сангин зин тарошад. Аз чўби чормағз тарошад. Ҳарчанд ба ў гўянд, ки зинро аз чўби бед тарошанд, сабук, гўш накунад. «Чўби чормағз бақувват» гўяд. Бурҳон ба ў фаҳмонад, ки аввал аз чўбҳои дигар созад, ёд гирад, сонӣ аз чўби чормағз тарошад, вале Сангин якравӣ кунад, ки яку якбора зини олиҷаноб созад... Ў ҳамагуна асбоби ҳунари падарро истифода бурд, аммо ба қош сохтан ҳунар надошт. Азоб кашид. Моҳбӣ ба ҳунари шогирдонаи ў хуб нигаристу азобашро дид ва хомўш ғайб зада, баъди ду рўз як зини кўҳнаро тори сар бардошта омад:
— Момот мурад-э, азоб кашидӣ, ана зеҳн мону бисоз!
Сангин дид, ки зини Моҳбӣ оварда аз пайвандҳо иборат; ҷудогона тарошида шудаанд қисмҳо ва пайвастаанд бо пай. «Зини ман бояд дигар хел бошад» ба ҳунари хеш бовар кард ў, вале азоб кашид. Дерёз ба зини кўҳна нигарист; ба сар ва пешонии одам монанд будани қисми пеши зинро дарёфт... ба хаёл рафт: «Кўдаки чорғовро монад зин».
Вале Бурҳон хаёлу андешаи ўро пароканда кард: зини кўҳнаро аз назди ў гирифта, хуб дид, аз назар гузаронд, сар ҷунбонд: «зини урёнро ба пушти бараҳнаи Саманд зада нашавад». Аз ҷулҳову намадҳои кўҳна зерзин сохт, вале полҳанги аз оғил пайдо кардааш ба миёни асп нарасид. Ресмон ҳамроҳ кард ба нўгаш ва пуштанг кашид... Аз рўи зин хўрҷин андохт, то ҳама нуқсон натобад.

пешина
аз 421
навбатӣ