Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бин, чӣ хел зебо, тиллоранг... Чӣ, зини овардаам кор наомад?
— Кор омад. Инро барои худам месозам, барои ёд гирифтан...
— Барои ёд гирифтан бошад, бад не... ин зини хар шудааст,
– шўхӣ кард Моҳбӣ.
Сангин дароз ба рўи ў нигарист, хост дашном диҳад, ронад, дигар ба ин даргоҳ наё, гўяд, аммо ҳамон зайле ки зеҳн мемонд, шах шуд.
— Шери бибӣ, шўхия ёд гир, агар шўхӣ набуд, ман кайҳо зери хок пўсида будам.
«Кошкӣ мепўсидӣ» аз дил гузаронд, аммо гуфта натавонист...
Зеро он рўз, ки ба модар нигоҳубин карда натавонистанд, ҳамин кампирак мадад кард ва хабаргиронаш ҳам ўст.
— Бурҳониддин, садқа, узангу овардам! – аз дари ошхона баромадани ўро дида, овоз дод Моҳбӣ.
— Якбора меовардед, чӣ мешуд?
— Садқа, ина ҳамун девонекам (ба навозиш духтарро чунин ёд кард) аз кадом каҷӣ ёфта баровард. Ў дидааст, ки акои кокулдораш аз ресмон узангу карда меравад.
Бурҳон табассумкунон пеш омад ва рикоб аз дасти кампирак гирифта, гуфт:
— Миннатдор, момои Моҳбӣ! Аз дастам ояд, қаврунашро мегардонам.
— Гўр кунетон, шуд, – бекасиашро дар назар дошт ў. – Аз Бурсак он тараф кунед, ба рўям чор бел хок партоед... Девонекам ақлаш гирад, чироғ мемондагист... лекин шумо вақти ба арвоҳи падар фотиҳа хондан номи маро ҳам зикр кунед...
— Ин қадар булбул шудед, апаи Моҳбӣ? – аз дари ошхона сар баровард Шарифа. – Мурданро ба гардан намегирифтед-ку?
— То кай ба гардан намегирӣ? Ногузир....
— Биёед, поятон хунук хўрд! – кавшҳои даридаи кампири Моҳбиро дар назар дошта гуфт Шарифа, – Як нафас дар алоб тоб диҳед... хаёлам хунук то фарқи саратон рафт.
— Пойҳои кафидаи ман ба гармову сармо одат кардагӣ. Ин кавшҳои дарида – зеби пой.
Моҳбӣ рўи пўстак нишаста, пой бар оташ тоб дод ва пай бурд, ки чӣ зайл кафидаи пошнаи пояш сўхт.
— Аҳҳ, сабил мон!
Шарифа пай бурд, ки ў чӣ мехоҳад. Нўкчаи дар роғи девори ошхона халондаашро гирифта ба Моҳбӣ дароз кард. Дар сари нўкча донак барин чарб буд. Моҳбӣ нўкчаро дар оташ тоб дод ва дид, ки равған чакиданист, ба кафидаи пошнаи пой чаконд ва чашм пўшид. «Саратон дард накунад, Шарифабону». Боз як қатра чаконд.

пешина
аз 421
навбатӣ