Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Чӣ мегўед, ако?» – овози Ҷўра буд.
«Рикобро пайдо карда бошад?»
«...»
Ва боз хомўши хомўш шуд хона. Модар намехост ба ин сўҳбати ғайриоддӣ ҳамроҳ шавад. Ором гўш медод, паҳлў намегашт, то онҳо гумон кунанд, ки хоб аст. «Чӣ шуда бошад ба Бурҳон? Чунин одат надошт. Рикоб чӣ лозим дар дили шаб?» ...Нафаси дарози Бурҳон ба хаёли модар халал расонд. Чунон нафас баровард, ки оҳ буданаш ва ё хастагиро рафъ карданаш маълум намешуд. Ба ҳар ҳол қарор дод, ки ба хобу хаёли ў халал нарасонад, ҳарчанд Бурҳон ба андешаҳои ў халал расонд. Пагоҳ мепурсад, мепурсад, ки дар дили шаб рикоб ба ў чӣ лозим буд?
— Дар дили шаб рикоб чӣ лозим шуд, Бурҳон?
— Зину банди Самандро оро додан хоҳам...
Чунин ҷавобро Шарифа медонист. Хаёл дошт, ки Бурҳон ҷавоби дигар мегўяд. Азми сафар дорам мегўяд, фалон корро сомон кардан лозим мегўяд ва ё ягон ҳарфи дигар, ки модар надонад.
Ақаллан гуфтаи Моҳбиро тасдиқ мекард.
— Вақти шикор рафтанат кампири Моҳбиро надидӣ?
— Не! – кўтоҳ посух дод Бурҳон ва дилаш раг зад: «Аз ин ҷалоҷин ягон сирр пинҳон намонад... зери замин мор ҷунбад, фаҳмад... Ҷинҳояш гўянд...»
— Чӣ буд, оча?
Модар донист, ки Бурҳон такҷўӣ кунад, пештар аз саволи ў дур рафт ва ҳоло чунон ангорад, ки суолашро нашунида бошад.
Вале Бурҳон аз рафтори модар маънӣ кашид ва оҳиста-оҳиста ба ошхона даромада, табассумкунон пурсид:
— Кампири Моҳбӣ чӣ гуфт, оча?
— Гуфт, ки шикори Бурҳониддин барор мегирад...
Духўра будани сухани модарро ў пай бурд ва ба забонаи оташи зери дег чашм дўхт.
— Бурҳониддин куҷост? – садо омад аз берун. Модар ба рўи писар табассум кард ва Моҳбӣ ҷавоби сухан нашунида, идома дод: – Дина дидам, ки Бурҳониддин аз ресмон узангу сохтааст, кофта инро ёфтам,– ба Сангин гуфт кампири Моҳбӣ. – Ини додои Иззат... Бузкаш буд, Худо раҳмат карда бошад. Шумо намедонед, он вақтҳо домонатон гирди миёнатон задагӣ, ҳама чизро коко мегуфтед... Раҳматӣ бузкаши зўр буд... Агар гўристонро ягон бор гузашта бошӣ, дар як чўби баланд туғ бардоштагӣ... Дидагистӣ?
Аз чўби бурс туғ бардоштагӣ; дар сари чўб панҷаи оҳанин ва думи асп ҳаст.
— Дидаам...
— Дида бошӣ, ҳамон қабри додои Иззат, – духтарашро дар назар дошт ў. – Бигир. Нишона аз вай. Аз ман нишона... Ба зини сохтаат мувофиқ.

пешина
аз 421
навбатӣ