Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳушт-ҳушт мекард, то асп боз об хўрад, аммо Саманд, аз камарчаи даҳон об резонда, даруни об пой мекўфг. «Бояд биёяд, дилам гувоҳӣ медиҳад...»
— Эй бачча, аспи ту ҳамин қадар дер об мехурад? – садои занаки сарпечида буд, ки пурсиду ба ҷавоб мунтазир нашуда гузашт.
— Кистӣ? – аз пас садо кард Бурҳон. Раги пояш кашида, ў бозистод, баъди мулоҳизае боз ба роҳ даромад. Қомати пасти ў, тарзи либоси ўро низ ёд надорад ва ягон бор чунин занро надида, овозашро нашунида. «Эй бачча!...» гуфт. Бояд занаки калонсол бошад, аммо овозаш ба овози духтар монад; ё ҳила кунад ё овозашро созад... Баъди он зани печида баччаҳо гузаштанд, мардон гузаштанд, ниҳоят Расули Зард пайдо шуд, ки яқин хонаи қудо мерафт.
— Ҳа, Бурҳон! Обхўраатон дар он тарафу аспро дар ин ҷо об медиҳӣ?
— Раҳи шикор, амак.
Расули Зард бовар карду гузаро шуд ва Гулсифати кўзабадасти аз хамгашт намоён шударо нагузошт лаби об равад... Худаш кўзаро гирифта ба об омад... Бурҳон боз ҳуштак кашид, ки аспаш об хўрад, аммо Саманд як зайл даруни об пой мекўфт. Андеша кард, ки ҳозир аз Таги Ғор гузарад, ҳам Гулсифатро бинад дар рўи ҳавлӣ ва ҳам Расули Зард бовар кунад, ки ў шикор меравад. Вале на Гулсифат намуду на падараш. Олуғда шуд ў. Вале хурсандӣ дошт, ки Гулсифат барои об баромад. Афсўс мехўрд, ки Расули Зард нобаҳангом омад. Чӣ қадар сухан тайёр карда буд барои Гулсифат.
Шаби дароз маҷнун буд, ошиқ буд, шоир буд. Аввалсуханро ба ҳазор паҳлу гардонда буд; пурсон мешуду аз номи Гулсифат посух медод ва ба ҳар сухани ў ҷавоб тайёр мекард...
Ҳоло фол диданист: агар шикораш барор кунад, ба муродаш мерасад, агар барор накунад, аз ин кор даст мекашад – чунин фолу тахминаш. «Не, ба ин чизҳо бовар карда нашавад...» гўё бахт аз даст рафта бошад, аз нияташ гашт ва ҳукм кард: «Ба ҳар роҳе ба даст бояд даровард... Ба зорӣ ё зўрӣ...».
Аз Камари Дукчӣ гузашт, ба раҳи Сурххок қадам мезад аспи ў, вале гашти рўз, ки ҳаво сард мешуд, кабкҳо дар ҷойҳои песабарф саросема насиба меҷустанд бесадо. Ҳамин замон торикӣ фаро расад, нимсеру нимгурусна монанд. Чашми ў ба чизи фахха расид, ки хурдтар аз харгўш мехазид. Кабкро дид, паҳлўи ў кабки дигарро дид, яке рўи барф баромад. Бурҳон зуд аз асп зер шуд, чодар кушоду сўи кабкҳо дошт. Кабкҳо овораи доначинӣ буданд... Яке чодарро дид, «шиғғғ!» гуфт, дигарон шиқ-шиқ садо доданд, сар боло карданд, баробар суруди идона хонданд, ҷониби чодар шодмонӣ карданд... Садои тир баромад. Рўи барф лоларанг шуд...

пешина
аз 421
навбатӣ