Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бурҳон шод шуд, ки фолаш нек омад. Акнун мешитофт, то Расули Зардро рўи боғи усто Карим ё дар роҳ дида гўяд: «рўи хуш доштаӣ, шикорам барор гирифт..»
Ва агар Гулсифатро бинад, суханро аз ҳамин сар кунад. Аммо гузашту касеро надид, гўё деҳа ба намози аср овора буд.
Хобаш набурд, ки набурд, чунон ки шаби аввали дар сарои хутори Русия хуфтанаш набурда буд. Ғел мегашту андеша мекард, андеша дошту ғел мегашт; на ба таги ҳарф мерасид, на маънӣ меёфт, на ба кори ҷаҳону округу губернияву волосту одамонаш сарфаҳм мерафт ва на мефаҳмид, ки ба як диёри дур омада ба мардуми ғайр хидмат кардан чӣ маънӣ дорад? Пасон дарёфт, ки мутеъ, бо фармон кор мекунад. Онҳоро душох кардаанд, имкони дав надоранд, пеш рафтан хоҳанд, бояд ду пой баробар бардошта ҷаҳанд чун акка... ва ў мефаҳмид, ки як осудагии муваққатӣ пайдо шудааст, истифода бояд бурд, шикор кардан лозим, кори аз даст меомадаро кардан лозим, вагарна талотумҳо гузарад, киштии рўи об равон гардад, боз азобашон диҳанд, аз губернатор то амини маҳалла ҷабру ситам кунанд. Ҳоло ҳама гирифтори ғами хешанд, раъият нафаси озод мекашад... Сар фаровардан лозим нест...
— Чӣ ин қадар меҷунбӣ, Бурҳон, монда шудӣ?
— Не...
Ва Бурҳон дарёфт, ки модар аз барои ў хоб наравад; ҷонаш сўзад. Вале надонад, ки як имшаб не, ҳама умр...
— Вақтҳои набуданам ҳам хоб надоштед, оча?
— Дидӣ-ку, баъди омаданат чанд шабу рўз хоб рафтам...

Дар деҳа одамони бегона пайдо шуданд. Савори аспоне, ки зину бандашон ҳамаро ҳайрон карда буд. Тарзи савориашон низ фарқ мекард: дар хонаи зинҳои оҳан баҳузур нанишаста, балки пой ба рикоб сахт карда, рост меистоданд. Одамон тааҷҷуб мекарданду тамошо ва аз ҳамдигар мепурсиданд, ки ин қадар аспу одам дар ҳавлии Зуҳур чӣ кор мекунанд? Деҳа ҳеҷ гоҳ чунин серодам ва сермағал нашуда буд... Худ аз худ миёни одамон манша шуд, сабаби омадани саворонро қол буриданд, фикру андешаҳо радду бадал шуданд, то ба тую ман гузашт. Мардум ба тамошои саворон омада буданд, инак саворон халқро тамошо мекарданд, сари деворҳо қатор шуда, ба кирдори мардум тааҷҷуб доштанд.
Одамони бегона ва бегоназабон аз мағали эшон чизе нафаҳмиданд ва надонистанд, ки сабабгори ин ҳама корҳо кист? Сари деворҳо папирос дуд карданд. Аз димоғи онҳо фағона задани дудро дида, ҳайрати кўдакон афзуд.
Чунин ҳолат кам рух зада, ки аҳли деҳа хонахез кўча бароянд.
Танҳо дар Наврўз мардум чунин майли саҳро кунанд ва рўзашонро хуш гузаронанд, вақтҳои охир халқ ҳаросад аз чизе; ид кардан ҳам нахоҳад... ҳоло хари Даҷҷол омадагӣ барин ҳама баромадаанд.

пешина
аз 421
навбатӣ