Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Фақат Шарифаву Бурҳон дар хона ва чанд пирону тифлони гаҳвора, модарони навзо. Бурҳон на аз он ки «меҳмонон»-ро дидан намехоҳад ва ё аз онҳо ҳарос дорад, балки дар танҳоӣ нишаста андеша карданро авло медонад. Андеша дорад, ки омадаҳо кӣ бошанд? Одамони Николай ё муқобилони онҳо?
Забури девона ҳам аз куҷое пайдо шуда, деворро хар кардааст ва ҳар гоҳ «их!» гўён лингак мезанад... Дар Санглох Моҳбӣ аз дасти Иззати девонекаш, ки бари саргирак газидан дорад, гирифта, ба бегонагон нигарад ва чашм пўшида, дар дил тавба кунад, ки осӣ шуд, Худо аз гуноҳаш гузарад; ин омадаҳо диёрашонро кофирборон мекунанд; Худо нигаҳ дорад дар паноҳаш. Девонеки ў ҳар лаҳза ҷониби онҳо ишораи даст карда хандад ва ба модар фаҳмонад, ки ғарибтар аз эшон ҷонзоде надида, ки каллапўшашон як ваҷаб аз пешониашон пеш омада. Магар дарунашон месўзад, ки аз даҳону биниашон дуд барояд? Бечораҳо...
— Худоё Худовандо, мадад бикун! – ҷониби хонақоҳ рў овард Моҳбӣ, – Магар гуфтаи зани Кабир ҳамин балост? Магар тўфоне ба миён меояд, ҳама Хонаи Охират зери об мекунем?.. Ба хонақоҳ рў оваред, мардум! – Садои нобаҳангоми ў ба тани ҳама раъша овард ва халқ ба ҷунбиш даромад. Баробар сўи хонақоҳ дасти дуо бардоштанд ва мисли чўҷаҳои ба сарашон сояи уқоб афтода, ҳар сў пароканда шуданд.
— Истед! Истед! Нагурезед!!!
Садои Зуҳур омад аз пас, аммо касе аз роҳаш нагашт. Кўча ба кўчаву хона ба хона шуданд мардум – Ёвомад барин.
...Дар пайҷои сангтўдаҳо Зуҳур музаффарона меистод, дар асл ғарибона. Чунон ки мурғи шикастабол орзуи парвоз кунад, ҷаҳидан мехост, наметавонист. Ба чӣ ниятҳо ин дастаро оварда, аммо муродашро ба халқ нафаҳмонад... аз ў гурезанд. Ва ў дар қатлгоҳ яккаву танҳо чу лошахўр. Гардан метобад ба ҳар сў ва андеша дорад, ки халоиқ вожгунии бахту тахти Николайи II-ро фаҳмидаанд, магар аз фармонҳо сар кашанд? Зуҳур донад, ки подшоҳ сарнагун шуда ва касе ҷуръат надорад, ки ба тахт шинад, тоҷи шоҳӣ ба сар ниҳад. Зеро чунон талотум, ки саг соҳибашро наёбад. Бесару сомониҳо на танҳо дар Русия, дар Туркистон ҳам рух дода. Ба ў фаҳмонидаанд, ки ин ҳама корҳо муваққатист, ҳатто Ҳукумати нав ҳам. Аз ин носомониҳо Зуҳур истифода бурда, як дастаи казаконро овардааст, аммо намедонад, ки бо онҳо чӣ кор кунад. Шояд аз вазъият фоида бурда, ҳукумате созад ё тохтутоз кунад ва бо кўмаки эшон андоз аз саркашон рўёнад.
...Ба ҳар ҳол рўзи дигар миёни боғи Зуҳур деги маърака шинонда шуд, ки чунин дегро дар маъракаи сарфу ҷамъ дар ҳавлии тўйгар шинонанд. Бадали ошпаз, ки то ширин шудани равғани зағир талхии онро бардошта наметавонад, бо латтае даҳону бинӣ баста, ба равғани дег кафгири ба дастааш тиракбастаро зада, бод медиҳад, то бўяш, талхиаш намонад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо