Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Ба ҳар ҳол ҳайф шудӣ мисли он човандози ман...» Гирист Моҳбӣ, чунон ба хорӣ гирист, ки дунё ҷуз хорӣ чизе надошта бошад. Чашмони калон-калони гўсоларо мемолиду ашк мерехт, аммо чашмони бози он пўшида намешуд... Ба сараш зад, ки дер кард, онҳо хавф бурда меоянд...
— Омадед, хола?
— Омадам!
Моҳбӣ намехост, ки аз ин зиёд суоле шавад. Гўё чизе нашудааст, чизе надидааст, санги шарар аз нўги остини саргирак баровард, чароғи сиёҳро низ. Санги шарар ба ҳам зада, оташ афрўхт, пилтаи чароғи милмилакро дар гиронд ва пеш даромад:
— Ҳамин қадар роҳи вазнин дорад, Шарифабону. Хам шуда, борик гашта, гузаштан лозим... Зерҷаҳаннам, душвораш ҳамин ҷо, он тарафаш ҳамвор...
Чунин мегуфт забонаш, дар дилаш дигар ҳарф буд: «некӣ мекунам, гуфта, хизмати хирсона мекунӣ».
Беруни ғор ғалмағал шуд, садои суми аспон баромад... Моҳбӣ чароғро пуф кард. Чунон торику хомўш буд, ки танҳо дар гўр чунин шавад. Ҳар кас ба таври хеш андеша дошт. Аз дили Сангин гузашт, ки Моҳбӣ ҳила кард; Шарифа хавф аз Бурҳону Ҷўра дошт, ки аз ин ҷо будани онҳо огоҳ нестанд ва ҳарфи Моҳбӣ дуруст бошад, онҳо ба даст меафтанд. Моҳбӣ аз дил мегузаронд, ки ба ғор омаданашро диданд, пай гирифтанд, вале Шарифаву Сангин бовар намекунанд, ки пирзан рост гўяд... Ғур-ғури сухан омад, баъд оромӣ шуд. Муддатҳо гузашт, садои суми аспон баромад, ки дарун-даруни кўҳ ҷониби офтобнишин мерафт... Моҳбӣ оҳи сабук кашид, барои онҳоро тасаллӣ додан ин корро кард, дар асл дилаш машки хун гашта буд: «Чӣ хел ба инҳо фаҳмонам, Худовандо?!
Чаро ин қадар сарсахт офаридӣ? Намеофаридӣ, намешуд? Барои тамошо? Барои масхара? Барои ба назари мардум шум тофтан? Як Шарифа рўи хуш медод, ки озод ба хонааш дароям, ҳатто онҳое, ки момодояашон будам, рўи хуш намедиҳанд... Инак чӣ шавад? Магар ман сабабғори талаву тороҷ шудани хонаи ў нестам?.. Худовандо!
Магар ту надидӣ он кирдорро? Забони газидаву чашмони кушодаи гўсола чӣ? Худовандо, ин чӣ рўз аст? Баъд чӣ шавад?»
— Бурафтанд?
— Бурафтанд, – беҳушона такрор кард Моҳбӣ. – Лекин чаро ба он сў рафтанд?
Гумон дошт Шарифа ба ин савол аҳамият медиҳад, безобита гашта ба ў дармеафтад, ки ин ҳама кори ту, кампири ҷалоҷин.
Роҳи шикори Бурҳонро ту нишон додӣ!
— Ман мебароям...
— Боз каме сабр кунед, Шарифабону, ғубори суми аспон фурў шинад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо