Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Дилам танг аст, мекафад...
— Ором шавед... Биистед... Ман ҷомаро чаппа мепўшам, саргиракро посгуна мегирам, мўи сарамро парешон мекунам... мебароям... касе ба ман кордор намешавад... Дев гумон мекунанд, ҷин мепиндоранд... Ҳам ҳолу аҳвол мегирам, ҳам роҳи Бурҳонро мепоям... Шумо шўхӣ накунед, Шарифабону, волло амон диҳанд...
ман ҳамаашро медонам: хонаатонро вайрон мекунанд, молу ҳолатонро мекушанд, чизу чораатонро тороҷ мекунанд, худатону писаронатонро... худатон медонед... Зуҳур қасам ёд кардааст, ба модараш, ба рўҳу арвоҳ қасам хўрдааст, ки... чизу чора – садқаи сар, писаронро эҳтиёт кунед... Шарифабону, шояд ба назаратон шум тобам, лекин баъд «бале» мегўед... Писарон зинда монанд, шуд... – Моҳбӣ суханро дароз кард, ба назар дуртар рафтани саворагонро мехост. – Зани Кабир чӣ хел дар оинаву косаи об ҳама чизро мебинад, пешгўӣ мекунад? Аз қудрату каромотат гардам, Худо! Ман ҳам баъзе чизҳоро пешгўӣ мекунам, лекин ба зайли зани Кабир аниқ гуфта наметавонам... Ба писаронатон осебе намерасад, Шарифабону, молу ҳолатонро талаву тороҷ мекунанд...
— Молу ҳол – дар гўр... Писаронам зинда монанд... Сар бошад, тоқӣ пайдо мешавад.
— Офарин, Шарифабону! Шумо раҳро ёд гирифтед? Ту ҳам Сангинбой? Ман мебароям... нигоҳ мекунам... Бурҳонатонро сари роҳ медорам... Оҳ медонед чӣ мешавад, Шарифабону? Қиёмат мешавад! Хари Даҷҷор меояд, мардум ба тамошо мебароянд, ҳамаро аз дами теғ мегузаронанд... Ҳозир, ҳозир! Шумо дилтанг нашавед, ҳар қадар онҳо дур шаванд, ҳамон қадар хуб. Доред, Шарифабону, ман остинамро чаппа кунам... Ана чунин... инак саргиракро сарозер мегирам... остинаш гўши хари лаққа барин овезон истад.
Кампири Моҳбӣ рўбоҳи мўригузар барин хаму борик шуда, аз пахлўи харсанги сафед, ки кўҳи гаштаро мебардошт, хазид.
Пеши равшании равзанаро гирифт. Хеле кашу паркаш кард, аз равзана баромад, боз равшанӣ зад ба дарун. Аз сояаш пайдост, ки Моҳбӣ аз дами ғор дур намеравад: ин тараф мегузараду он тараф, мазмун, аз паи саворони рафта менигарад, то донад, ки пойгаҳ холист ё на...
— Оча, агар ман бароям, шумо метарсед?
Сангин ҳайрон монд, ки чаро модараш посух надод. Дилаш ваҳм кард. Дар торикии ором аранге нафаскашии модарро шунид, вале ҳайрон буд, ки чаро ба пурсаш посух надод. Даст ёзид, ба ҷомаи модар расид дасташ, пас кашид.
— Оча, мегўм!
— Чӣ мегўӣ?
— Ман мебароям, дилам танг шуд...
— Баро... Ман ҳам... Чунин мурдан – шармандагист.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо