Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Овози Эшонбобо ўро ба худ овард ва дар дил андешид, ки чӣ ҷои тамошо дорад ин кор, ин ҳодиса метавонад ба сари ҳар кас ояд.
— Равед! Гурезед! Ҳа, бадбахтҳо, гурезед!
Механдиданд баччаҳо ба қанотакзании кампири Моҳбӣ, ки айнан гоҳи алас кардани беморе чунин мегуфту чунин рафтор мекард.
Вале ба ин кор Сангин ҳамроҳ нашуд, то ягон баччаи баддаҳон сухани ноҷо нагўяд. Назди модари ба девор такязада рафт. Модар ҳоло ҳам чизеро намефаҳмид, карахт, гирифта, ҳайратзада пушт ба девор медод; як бор ба сухани Эшонбобо шукргузорӣ кард, дигар ба саволи ў ҷавоб намедиҳад; чунон менигарад, ки забон надошта бошад, суханро нафаҳмида бошад ва ё зуъм дорад, ки ҳамааш айби шумо – сарони деҳа, касофати оқсақолон...
— Шумо бекас нестед, Бишарифа, шукри писаронатон... ва ягон мадад лозим бошад, мо намурдаем...
Заҳрханда омад ба лаби Шарифа, эҳтироми Эшонбоборо доштанӣ шуда сар ҷунбонд:
— Ҳеҷ чиз лозим не... Донистаанд, ки ин хонаи усто... валанғор кардаанд... Дуруст мешавад... Сангин усто шудааст.
Ва гирист. Гўё то алвақт гиря дар танаш печида, ҳама роҳҳои фикру андеша гирифта буд, намегузошт, ки ў идрок кунад, фаҳмад, хулоса барорад... ва якбора гирист. Ҳама чизро дарёфта, аз бедодиву бекасиву беёварӣ хориаш омада гирист... Пасон якбора хашм гирифта ба Сангин рў овард:
— Пеш кун ин тамошобинонро!
...Ва якбора валвалаву миш-миш шуд, ки Зарифи Мурод аз мардикорӣ зани урусӣ овардааст. Қол бурриданд, ки нишонаи Охират аст ва фоли зани Кабир рост мебарояд. Гўё дар китобҳо ҳаст ин чиз – оқибат миёни халқҳо тафовут намемонад, ҳама ба якдигар меомезанд, габру мусулмону насоро намегўянд, сиёҳу сафед махлут мегардад... қиёмат қоим мешавад. Эшонбобо нишаст, Моҳбӣ нишаст, даст бардоштанд, дуои балогардон хонданд; дигарон ходаҳои сари гўр барин рост буданд – ташбеҳи аз дил гузарондаи Моҳбӣ буд.
— Ҳамун ҳатўл-а? Ҳамун кашола-я?.. О вай зану фарзанд дорадку? – алами Моҳбӣ аз он, ки чун аз ин хабари тоза огоҳ нашудааст, одатан чунин хабарро аввал ў бояд шунавад, баъд дигарон. Ба Шарифа ҳамдард шуда, аз бисёр гапу калочаҳо ноогоҳ монд.
— Шумо аз ҳеҷ кас домангир нашавед, ҳамааш дар китобҳои қадима ҳаст: бани одам аъзои якдигар буданд, воқеаву ҳодисоти рўзгор пароканда кард, боз ба ҳам мешаванд... Худаш фармуда, оқибаташро ҳам медонад.
— Яъне, боз ба қисмат тан диҳем? – паст пурсид Шарифа.
— Илоҷамон чист? – тасдиқ кард Эшонбобо.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо