Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Аз ин дунё ҳеҷ чиз намефаҳмам, Эшонбобо... Омадае ба сари ту тохт орад, ҳама чизатро ба яғмо барад, фарзандатро кушад? Хонаатро валанғор кунад, молатро тороҷ кунад?.. Ин ҳам фармуди Худост?
— Фармуди Худост, Бишарифа, фармуди Худост... ғазаб накунед... ҳарчӣ дар пешониатон андохта, ҳамон бинед.
— Онҳое ки дар пешониашон ҷуз бадбахтӣ наандохта, метавонанд ғазаб кунанд.
Аз беруни дарвоза садои ғалмағалу хой-хойи сагон баромад.
Шарифа як қад парида хест, ки тифлашро сагон лахту пора мекунанд ва кўдакони ҳайронро ангехт, то сагонро ронанд, аммо кўдакон ҷуръат накарданд. Калтак гирифта худаш рафт ва шиками чоки гўсоларо дида, ба сагон таҳдид накарда, пас гашт:
«Қисмат».
Сангин сагонро калтаккорӣ карда, аз паси маслух гурезонд, аз пои гўсола кашола карда, бурда, паси боғ партофт...
Шарифа монду Моҳбӣ. Шарифа зону оғўш карда, манаҳ бар зонувон гузошта, гўё андеша мекард; чашмонаш ба як нуқта буданд, аммо чизеро намедид, чун кулўхи бачашм буд... ё аз нигоҳи зиёд пардаи чашмон дарида... Чунин метофт, ки дам мегирад, қувва ғун карда, ба худ меояд... боз мубориза кардан лозим. Ҳаққу ҳуқуқ ситонидан лозим, аммо кӣ мадад мекунад ба ў? Моҳбӣ бору бунаи парокандаи зери айвон, рўи ҳавлӣ, роҳравро, ки қисме зери пои кўдакон монда буд, чида, як-як оварда, дар айвон ғун мекард, як ба Шарифа менигаристу чизе нагуфта, машғули кори хеш мегашт:
дарҳоро дастмол мекард, тирезапораҳоро мебардошт, шишарезаҳоро мечид, сандуқи шикастаро ба ҳам овардан мехост... Ҳамааш ба хотири он буд, ки Шарифа таскин ёбад, гумон накунад, ки Моҳбӣ дидаву дониста ўро ба ғор бурд ва кор чунин ранг гирифт. Чунин андеша дошт ў, аммо дар дил шод буд, ки чунон карду Шарифаву писараш зинда монданд ва ғамӣ мешуд, ки Шарифа ин андешаро намедонад, ин масъаларо ба таври худ мефаҳмад: қасд барин...
Намад, пўстак, шол, кўрпача, дастархону сандалипўш, чумчадону чойхалта... ҳама-ҳама зери айвон ҷамъ оварда шуд ва Моҳбӣ бефара бар остонаи даҳлез нишаст. Нафас рост кард, сару рўй ва чашмонашро ба каф молид ва гуфт:
— Ман меравам, Шарифабону...
Сайҳаи асп баромад. Дар дили шаб аз ҷониби Мазор аспе сайҳа кашид ва фурсатҳо баъд садои сумаш омад. Назди яккамех қарор гирифт ва касе дуздона зинаи сангиро пой гузошта ба айвон баромад... Модар рўи ғарами бору буна ғарибона ғунча гашта мехобид ва баробари ба айвон омадани ду сиёҳӣ сар бардошта, нигарист, воҳима гирифташ. Сангини пушти ғарами анҷом хобидаро оҳиста ҷунбонид...
Сиёҳӣ сурфид ва як бастро рўи фарш андохт.

пешина
аз 421
навбатӣ