Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳамшаҳрии мо дар ин биёбон чӣ кор мекунад?
— Ҳамшаҳрии шумо зани ман аст! – пеш аз Марям ҷавоб дод Шарифи Мурод.
— Дар Россия шавҳар наёфтӣ, духтар?
— Ҳо, касе нагирифт, ба ин тоҷик расидам...
Ҷавоби Марям ба Шариф хуш омад, аммо ҳарфи сардаста нафорид:
— Шавҳар бисёр, ҳамаи ҳаминҳо – шавҳар... безан.
Хун ба сари Шарифи Мурод зад, хост ҷаҳида, аз гиребони савор гирифта ба замин занад, худдорӣ кард. Аз дасти Марям дошт, то роҳашонро идома диҳанд.
— Ҳа, ҳа-ҳа, ўро бин! – ба Шариф ишора кард сардор.– Гўё занашро мехўрем! – ва ба Марям рў овард: – Биё ҳамроҳи мо, духтар! Туро рўи даст мебардорем... Ин кашола туро дар ин биёбон кашолу молон мебарад.
— Мо ба почта меравем, бо падарам гапзанон мекунем... Шояд шумо ўро шиносед? Генерал Иван Рудин...
Аспи ў пас-пас рафт. Афсори онро кашида, андеша мекард... Ба ҳамраҳонаш нигарист, ки чунин генералро медонанд ё не. Савори аспи мушкин ҷилав зада, инон сўи сардор тофт ва байни чанд аспро гузашта, назди аспи савор омад. «Паррондан лозим, рафиқ командир!» Сардор якбора баргашта ба ў нигарист ва таппонча аз наём кашид. «Дамата гир, Вася, хонаат дар рўи об, беқарориат аз ҳар чиз зиёд!»
«Гапи маро гиред, пушаймон намешавед».
«Не, гапи падарамро намегирам, дафъ шав!»
«Падари ў – душмани ҳамаи мо!»
Ба шиддат ба Вася рў овард сардор:
«Мешиносӣ ўро?!»
Вася ҷилав тофта, аспашро аз ҳама пас гардонд, то сардор ба вай наздик омада боз саволашро такрор кунад.
— Духтар, ту Васяро мешиносӣ?
— Агар ўро мешинохтам, ба Шариф намерасидам... ин хел бинипучуқҳо миёни бешаҳои Рус бисёранд.
Баъзеҳо хандиданд, баъзеҳо хашм карданд, аммо сардор намедонист чӣ кор кунад. Таппонча болои сар бардошта, омода буд, ки андаке даста ноором гардад, парронад.
— Равед! – фармуд ба Шарифу Марям, – Ту пеш даро, Вася...
Адаби туро додан лозим... Шайтон!
Вася пеш омад ва хандон ба вай рў овард:
— Алексей Алексеевич, аз рўи нақша бозӣ кардам, ба назарам фач баромад...
— Бисёр фач!
— Лекин шумо беҳуда онҳоро ҷавоб додед, Алексей Алексеевич...

пешина
аз 421
навбатӣ