Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Барои чӣ ман ҳам бояд...
— Барои он ки ту маро овардӣ, ман ба ту бовар карда омадам...
Албатта гуноҳи ман зиёдтар, лекин ту саркарда ҳастӣ...
Шарифи Мурод суханони ўро таҳлил мекард... аммо фурсати сухан нашуда, аз ҷониби Дупула чанг хест ба осмон ва муддате нагузашта дастаи саворон падид омаданд. Шариф ба Марям фармуд, ки ҷониби Боғи Гарон раванд, аммо ҷавонзан якравӣ кард:
— Чӣ фарқ дорад? Мурдан бошад – мурдан!
Ва ў тез мерафт. Ба муқобили чанги болои аз зери суми аспон бархоста аз зери пойҳои нозуки Марям гарде боло мешуд ва аз кашолу молон рафтани Шариф хокаи роҳ ба ду тараф пош мехўрд.
— Казакҳо!
Ҳамин қадар гуфт Шарифи Мурод, хавферо ба занаш фаҳмонданӣ шуда. Марям ба ҳарфи ў гўш надода қасдан тез мерафт.
Ба Шариф вонамуд кардан мехост, ки зудтар аз ў ҷудо шудан хоҳад.
— Биист, Марям, гумон накунанд, ки мо бегона ҳастем...
— Мо бегонаем!
Кайҳо чунин гуфтан мехост Марям, ҳоло маврид ёфт. «Чӣ ҳел гумроҳ шудам?» пушаймонӣ кард ў ва дар замираш хаёле равшанӣ дамид, ки пеш равад, ҳамзабононро бинад, онҳо ўро хор гаштан намонанд.
— Биист, Марям! – садои таҳдид дошт, ба як ҷаҳидан ўро дошта метавонист, аммо намехост, ки казакҳо чунин ҳолу аҳволро бинанд. Ба ҳар хол дигар илоҷ надошт, барҷаҳиду аз бозуи ў дошт.
Марям дастак зад, то раҳо ёбад. Шариф сахт дошта буд:
— Мекушанд моро!
— Кушанд!.. Куштанӣ бошанд, ҳамонҳо кушанд...
— Ҳамонҳо кушанд? – як торсакӣ ба бари рўи Марям зад Шариф.
Марям бозистод. Сахт ба рўи Шариф нигарист. Чашмонаш танг шуданд. Чизе гуфтанист ва чангол заданист. Ҳамчу модашери хашмӣ дарафтидан хоҳад ба ў. Хаёл дорад, ки фурсат ҳолост, ба имдодаш казакҳо мерасанд. Дандонҳо ба ҳам зиҳ заданд ва аз зери онҳо чизе тирвор бояд бипарад... «Номард!» Вале дар дилу забон монд ин харф, гуфта натавонист Марям.
Шариф рў ба дашт овард, пасон ба Марям гуфт:
— Мо то Панҷакат рафтанӣ будем, тамошо мекардем, бармегаштем...
— Не, ту бармегардӣ, ман меравам... Кўр асояшро як бор гум мекунад.
Саворон даррасиданд, аспон бозистоданд. Оне, ки карру фараш дигар буд, ба назар сардор метофт, рў ба ҳамраҳон овард ва хандид:

пешина
аз 421
навбатӣ