Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Ҳатто Зулхумори каррак, Сайфури кўрак, Баргигули гунгак ҳам зиндагӣ карда натавонистанд. Моҳбӣ барои ҳамин ин қадар месўзад; аз тақдири бади духтараш дилфигор аст: «Надиҳад, намедодааст...»
аз Худо норозӣ, дар дил гуфт ў ва ба зории Шарифа сар аз замин бардошт.
— Ҳеҷ ҷо гапе нест, чаро беҳуда азоб мекашед?
— Ҳааа, Шарифабону, гапе шуданаш ҳам мумкин не... ба тақдиру толеи бадаш месўзам... Ягон занмурда ё ҷавони мисли худаш камақл даҳан меандохт, намегирифт ҳам, майлаш буд... Лекин Боқарқин!!! Ҳеҷ чиз намегўм... Шарифабону, чизе намегўм... Намегўм! Намегўм! Намегўм!
— Оча, чӣ шуд? – аз ошхона баромад Иззат ва вовайлои модарро дида ба Шарифа дарафтод: – Очама задӣ? А, задӣ? Назанӣ, вай ин хел гера намекунад... Задӣ-а?
Шарифа ба сухани ў посух надод, аммо Моҳбӣ аз рафтори духтарашт шарм кард, ки Шарифаро нораво мегўяд, аз пеш кардан ҳам батар... Ҳол он ки Моҳбӣ «ғор ҷои маълум, даробаро кунӣ, сад бор набинанд, як бор мебинанд» гуфта Шарифаро ин ҷо овард, писаронаш ба куҷоҳое парешон шуданд, хонаи носомонаш бесоҳиб монд, инак духтари бефаҳм, аз рўи идроки хеш худро коҳиш мекунад. Хайрият, ки Шарифа ба ҳарфи он ақлбохта эътиборе надод...
— Ҳой духтар! Дамат гирад! Ҷавонмарги беақл, ман аз шодӣ гера мекунам... Ба ту, сиёҳбахт, шў баромадаст!
Сухани Моҳбӣ ҷиддӣ буд, аммо Иззат боз онро ҳарфи тарс донист ва каф ба даҳон бурда, пас-пас рафт ва тозон ба ошхона даромад. Ў аз ин ҳарф дилгазон шуда буд: аз хурдӣ, ҳар боре духтар кори ноҷо ё рафтори ноақлонае кунад, модараш «илоҳӣ, шў барад!» мегуфт ва духтар гумонаш, ки дев мебурда бошад, ба хона ё ошхона метохт. Ин ҳарфро низ чунон донист ва ба ошхона ҷо шуд.
— Хафа нашавед, Шарифабону... Ҳоҷати гап не, – дилбардорӣ кард ў ва ғурғуркунон ҷониби дари сиёҳи ошхона нигарист: – Замин кашад туяму Боқарқинам... замин кашад манам...
— Холаи Моҳбӣ, худатона азоб натед... Дунё кирои азоб надорад...
— Ҳо Шарифабону, дунё худаш – азоб, ба дунё омаданамон
– азоб, мурданамон – азоб... азобу азобу азоб... Дар ин дунё ҳам азоб, дар он дунё ҳам азоб... Ҷаннат ҷои олӣ бошад, албатта барои ману Иззат нест... ҳарчанд мегўянд, ки дар ин дунё азоб кашӣ, дар он дунё роҳат мекунӣ. Роҳат мекардагӣ боз роҳат мекунад, азоб мекашидагӣ боз азоб мекашад. Мо, ки гўлу гумроҳ ҳастем, ба суханони фиребои онон бовар мекунем ва дар он дунё ҳам итоаткор мешавем, боз чормағзро бар сари мо мешикананд...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо