Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Шумоя намедонам, ман дар деҳа як марди худотарси ҳалол мебинам...
Эшонбобо... Дигараш – чашмбанд, фиребгар, дурўя, дар сари мў аз суханаш мегаштагӣ, ба як мирӣ аслу насаб мефурўхтагӣ... Ё дунё чунин сохта шудааст, Шарифабону?
— Ҳо, чунин сохта шудааст. Раҳматии усто мегуфтанд, ки дар водӣ ду мард дидам: яке бобои Наврўз, дигаре Эшонбобо...
— Устои шумо ҳам одами бад набуданд, рўҳашон шод бод!
— Бад набуданд, ки азоб кашиданд-дия! Ҳалол зистан азоб будааст.
— Намемонанд, намемонанд... Ҳалол зистан хоҳӣ ҳам, намемонанд... Шумо чӣ маслиҳат медиҳед, Шарифабону?
— Ба чӣ кор?
— Боқарқин ба Иззат даҳан андохта...
— Ба моле, ки даҳан андозанд, надиҳӣ, ҳаром мемурад... лекин Иззат одам аст... Худатон...
— Шарифабону... гумон мекунам, ки ғайри Боқарқин касе ба ин девонеки ман даҳон намеандозад.
— Ин хел бошад, чӣ ҷои андеша?
— Охир ин Боқарқини гўрсўхта, ақаллан ба мардум оши худоӣ ҳам намедиҳад... Аз Амир ҳам мумсиктар. Амир хизматона медиҳад, мегўянд, ба каси духтарбурда, лекин Боқарқин чирки танашро ҳам сарф намекунад... Ин девонеки ман аз дунё чизе надид, ақаллан коре кунад, ки кўдакон аз паси аспаш «ёр-ёр!» гуфта раванд... Орзуи мана бинед, Шарифабону, гўё ки вай мумсик ягон занашро аспакӣ бурда буд. Пиёда биёред, мегўяд... Ҳиммат кунад, гирди оташ давр гардонед, гуноҳаш сўхта, сонӣ ба хона дарояд, мегўяд. Хонаат сарата хўрад, Боқарқин! Хонаат аз сарат монад!
Дар хонаи ифлоси ту кӣ ғунҷид, ки девонеки ман ғунҷад?.. Худам бурдам-э занҳои туро! Ҳазар карданд ҳама аз занҳои ту мегирифтагӣ, худам бурдам! Инак духтари худро барам?!
— Шумоя фаҳмида намешавад: ҳам духтарро додан мехоҳед, ҳам не.
— Охир худатон гўед, Шарифабону... читу мешад?
Моҳбӣ роҳи дигар надошт, розӣ шуд...
Ҳама коре, ки барои шаби арўсӣ мебоист, Моҳбӣ кард. Духтарро оббозӣ доронд, оросту перост; мўяшро теппакокул бофт, ба мўяш нуқрапўпаки баумед бофтаашро андохт; зулф буррид, гулоби садбарг пошид, куртаи сафед пўшонд, ба гўшаш ҳалқаи момоӣ овехт, ба дасташ даспона андохт, ба гарданаш зиреҳи тўмордор; ба абрўяш усма, ба чашмаш сурма кашид, ба рухсораш ғозаву гулгуна молид ва он паризодро дилаш нашуд, ки ба асп нишонда ба он хонаи чиркину ифлоси Боқарқин барад... Фикр карду фикр кард, аз ният гаштанро кори бад донист...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо