Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Аммо касе намепурсад, ки каси дида хокистар шавад, ин овозаро кӣ баровард?.. Инак ҳама кор дар дасти халқон будааст... онҳо набояд атрофи Искандаркўл гарданд... Вагарна баробари пайдо шудани инсон тойчаи заррин беқарор шуда, даруни об тохтутоз мекардааст ва аз лапиши он об мадд карда, девораи такдастро канда фурў мебурдааст ва оби Искандаркўл якбора ҷорӣ шуда, аввал водиро, пасон оламро пахш мекардааст...
— Дунё ором метобад, Бурҳон, ба ҳар ҳол ту бояд як муддат пинҳон бошӣ, – оромиро шикаст Шарифа. – Саҳари мардон бояд ба ғор биравӣ... Сангин нишон медиҳад...
Модар ҷавобе нагирифта, аз гуфта пушаймон шуд. Гўё Бурҳонро хоб бурда, садо намедод. Вале модар дигар сухан накард, балки аз гуфта пушаймон, аз ҳодисоти рўзгор ва қисмати писар андеша дошт: издивоҷаш барор нагирифт, дар ғурбат афтод, овора шуд...
оқибаташ чӣ мешуда бошад. Ғор ҳам чандон ҷое нест...
— Сангин!.. Сангин!
— Лаббай!
— Аз ғор эҳтиёт мешавӣ... Аз чоҳаш... Ягон чўб ё болор бурда монӣ, чӣ хел мешавад?
— Даҳонаш танг, роҳи гузар намемонад!
— Хайр, бин... Эҳтиёт-ними ҳаёт!
Ба Бурҳон хуш омад ғор. Агар медонист, кайҳо манзил мекард дар ин ҷо... Садҳо бор аз роҳ гузаштааст, садҳо бор даҳонаи ғори бастаро дидааст, аммо роҳу манзил доштани онро намедонад. Мегўянд, ки ғор як вақтҳо роҳ дошта, меҳмонҳона дошта ва мардум он ҷо нишаст карда. Ва аз замони Аввалодам то давраи Дақёнус мардум даробаро карда ва баъди канда шудани нисфи шахи сафед, пои инсон низ канда шуда; он гоҳ одамони дар ғор буда дарун монда. Мурдаи ғориёнро касе берун набароварда...
Ва имрўз Бурҳон мебинад, ки роҳ дорад ғор. Барои ў хеле зарур.
Ғор дар пушти боғи усто Карим аст, даҳонаи сиёҳу бастаи он ҷониби хонаи усто менигарад, аммо роҳи танги паҳлўро одамон намедонанд.
— Ту бирав, Сангин!
— Роҳро медонед?
— Ҳо.
— Чӣ хел? Ин роҳро ба ҷуз кампири Моҳбӣ касе намедонад...
— Чизе, ки Моҳбӣ донад, олам медонад...
Бурҳон мехоҳад сарояд, чунон сарояд, ки ба нола, ба мўя монанд бошад; чунон нола, ки танҳо чўпони сари дилаш пур аз алам бо най ифода карда тавонад; чунон нола, ки ба дили Гулсифат кора карда, биоварадаш ба даҳони ғор...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо