Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Арўсро пушти зини Саманд нишонданд. Иззат аз миёни Сангин сахт дошт, то наафтад. Моҳбӣ як даст бардошту қарс зад ва ба кўдакон фармуд, то «ёр-ёр!» гўянд. Баччаҳо Самандро гирд гирифта «ёр-ёр!» гуфтанд, ҳамдиёрон бо машъала роҳ равшан карданд... Ва Моҳбӣ гўё ба муродаш расид... Аммо аз паси духтар нарафт. Умедаш ба Шарифа буд. Моҳбӣ ҳама корро сомон кард: мулло овард, никоҳ кард, арўсро таги чодар дароварду ҳама расму русумро ба ҷо овард, ба шаҳу арўс оина намуд, шарбат хўронд... бору бунаи арўсиро бўғча карда фиристод... ва худаш дар хона монд...
Арўсро гирди оташ гардонданд, «гуноҳашро сўхта» ба хонаи Бокарқин дароварданд... Вале ин корҳо бо фармуди ў набуд, балки Моҳбӣ орзу шикаст.

...Саманд гирди яккамех мегашт беқарор. Гашту гашт, баъд пушташ сард гашта оромӣ ёфт. Шабро сари по мегузарондагӣ барин пинак рафт. Ягон-ягон бинӣ меафшонд, сум мекўфт ва гўшу ёлаш афтида, одамвор ба андеша рафта буд.
Ва зери айвон онҳо низ ба сукут рафта буданд, гўё сум задан ва бинӣ афшондани Самандро гўш мекарданд. Шарифа ҳам ба хаёли худ банд буд, Бурҳон ҳам. Ҷўра ғами кўҳу даштро дошт, Сангин ғами дару тирезаро, гўё аз рўи ишораҳои модар ва аввалин бор теша ба даст гирифтанаш, касби падар ба вай мерос шуда бошад.
— Шариф-кофиру занаш сад бор кофта омаданд.
Бурҳон ҳайрон шуд, ки модар ўро чунин лақаб дода ва хаёл кард, ки ин ҳарфи ўст ва ё мардум чунин гўянд. Албатта барои Русия рафта хидмат карда омаданаш не, барои зани русӣ оварданаш. Лақаб додан хислати мардуми деҳа аст, қариб одами белақаб нест дар ин деҳа, аммо лакабҳо ҳар ранг мешаванд: яке рўҳи касро мебардорад, дигаре касро ба замин мезанад.
— Чаро омада буд? – баъди андешаҳои зиёд пурсид Бурҳон.
— Нагуфт... напурсидам...
Бурҳон ҳайрон, ки чӣ лозим шуда бошад ба онҳо?
...Ба назар дунё оромӣ дошт. Аз рўи фоли зани Кабир оромии пеш аз тўфон. Шаб ё саҳар тўфон мехезад, ҳар кас тавонад, эҳтиёт кунад... Вале сабаби оромӣ маълум буд: гўё казакҳо ба Самарқанд лозим шудаанд, даъват карда бурдаанд. Зуҳур ҳам гурбаи ба об афтидаро мемонад, қозиву мулло ҳам. Овоза, ки подшох аз тахт афтид, навбати амир... пасон ҳама ҷо кофиристон бояд шавад; саг соҳибашро намеёбад ва қиёмат қоим мегардад; гуфтаи зани Кабир меояд, ки оламро об пахш мекунад – оби Азов... Ва баъд овоза шуд, ки касе даруни Искандаркўл тойчаеро дида, ки баробари тулўи офтоб сари марза баромада, сайҳа мекашидааст ва аз садои норасояш шарм карда, боз даруни об мешудааст. Андаруни оби муддат заррин метофтааст тойча ва касе онро бинад, ҷо ба ҷо хокистар мешудааст, зеро тойча баччаи офтоб будааст, ҳар пагоҳ ба таъзими офтоб мебаромадааст.

пешина
аз 421
навбатӣ