Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пеши потон мурам, дарди саратона гпрам, ваи баччаҳотона хўрам, халос кунед, вагарна ў мекушад... Шумо намедонед, ки чӣ қадар ў золим аст...
— Кӣ? Падари ту ё Шоҳ Зуҳур?
— Падари ман – Зуҳур.
— Чӣ, ту падаратро кушта наметавонӣ? Чӣ қадар писарон падаронро куштаанд, чӣ қадар падарон писаронро хўрдаанд. Ту мехмонхона нашинӣ, ки ин қиссаҳоро фаҳмӣ, Мулло Ҳасан ҳар шаб барои одамони солимақл китоб мехонанд, лекин ба қадри он кас на Шоҳ Зуҳур мерасад ва на падари ту. Падари ту ҳам ба ҷои қадом меҳмони касмадонро пешвоз гирифтану меҳмондорӣ кардан Мулло Ҳасанро ҳурмату эҳтиром мекард, ба меҳмонхонааш даъват карда, китоб мехононд, баду некро мефаҳмид... Вале ў хаёлпараст шуда, ба корҳое машғул, ки ҳафтод пушташ надида.
Чӣ бояд кард, ки замона чунин хоҳад, кас аз итоати Шоҳ Зуҳур сар тофта наметавонад! Зинда бод Шоҳ Зуҳур!
Ва дигарон ҳарфи ўро такрор карданд: «Зинда бод Шоҳ Зуҳур!»
Аммо он писар боз дод зад ва баланд гирист: «Не, шумо намедонед ўро! Золимтарини золимон аст ў. Бурҳонро куштанист! Очашро куштанист! Ҳамаашонро куштанист! Шуморо ҳам куштанист!
Маро низ куштанист! Ман гурехтам!»
— Ту дар хонаи ў зиндагӣ мекунӣ, магар наметавонӣ табарро гирифта дар ҷои хобаш ба фарқи сараш зада кушӣ?
— Ў хоб намеравад, хоб равад ҳам, чашмаш бедор ва мудом гап мезанад, бо биниаш ҳуштак мекашад, харру хурр мекунад; одам метарсад, наздик рафта наметавонад.
— Беғайрат будаӣ, бачча! Туро аз саллотӣ озод мекунам! Пеш мекунам!
— Пеш накунед! Ҳар чи фармоед, мекунам! Бозиҳои шумо хуб...
— Ҳар чӣ фармоям, мекунӣ?
— Ҳо!
— Сари падаратро барои мо биёр!
Писарак хандид, базавқ хандид. Аз хандааш маълум набуд, ки ў маънии ин ҳарфро фаҳмида бошад, балки бозӣ гумон кард ва бархосту домон афшонду рафт. Ҳама мунтазир буданд, то ў чӣ кор кунад... Аз ин сў оҳиста рафт, аз он сў тез омад. Дар сар телпаки нави падарро пўшида омад ва баробари назди Шоҳ Зуҳур омадан телпак аз сар гирифта, ба ў дароз кард. Ҳама баробар хандиданд.
— Шоҳо, шумо мегўед, ки ў девона, – хитоб кард Сангин.
– Девонаи ба кори худ ҳушёр. Калла гўед, салла меорад... Шоҳам!
Агар шумо мегуфтед, ки саллаи падарро биёр, калла меовард.
— Каллаи падарат ба мо лозим не, саллаашро биёр!

пешина
аз 421
навбатӣ