Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Писарак сар андохт, чун одамони хирадманду адофаҳм ба андеша рафт ва чашм ба Шоҳ Зуҳур дўхт: «Намешавад...»
— Нашавад, бирав аз давраи мо!
— Мўҳлат дихед, шоҳам.
— То тамом шудани намоиши мо ба ту мўҳлат.
— Не, кадом вақте ки тавонам...
— Ҳама розӣ?
— Розӣ! Розӣ! Розӣ!
Ва аз ҳамон лаҳза Забур барои гирифтани сари падар фурсати боб меҷуст. Баъзеҳо ин корро шўхӣ фаҳмиданд, баъзеҳо ҷиддӣ донистанд ва чанде ба девонагии писарак бовар карда, овозаю дарвоза карданд, ки Забур дар қасди ҷони падар аст. Ва ягонягон сар меҷунбонданду тасдиқ мекарданд, ки ҷои тааҷчуб нест; кирми дарахт – аз худи дарахт. Падар, ки ба писар ин қадар ҷабр кунад, чаро писар накунад? Пасон Мулло Ҳасан достони Зевсро қисса мекард:
«Крон имон надошт, ки ҳукумат ҷовидона дар дасти ў мемонад. Бим дошт, ки писаронаш бар зиддаш мешўранд ва дар ҷое маҳкумаш мекунанд, ки Крон додараш Уранро ҳукм карда буд.
Метарсид аз писарон... Крон ба зани хеш – Рея фармуд, ки тифли навзодро назди ў оранд, то бераҳму шафқат бибалъад. Ончунон шуд. Рея аз қисмати фарзандони хеш дар даҳшат афтод ва намедонист чӣ кор бикунад. Крон панҷ писари ўрову худро зинда фурў бурда буд... Рея намехост, ки ў писари охиринашро низ фурў барад. Бо маслиҳати зодагон Рея ба ҷазираи Крит бирафт ва дар ғори торик писари хурдиаш Зевсро ба дунё овард. Рея писари зебояшро аз падари ҷоҳили фарзандхор пинҳон кард дар он ғор ва ба ҷои писар санги дарозро парпеч карда, ба Крон фиристод, то фурў барад... Крон гумон надошт, ки аз ҷониби зани хеш ба чунин фиреб гирифтор мегардад...
Зевс дар ин миён андар ҷазираи Крит нумў мекард. Дояҳо ўро бо шири бузи афсонавӣ парвариш мекарданд. Орувон барои тифл аз кўҳи Дикт асали ноб меоварданд... Ҳар гоҳ Зевс гиряд, хидматгорон шамшер ба дарвозаи мис ва ё ба сипар зада садо мебароварданд, то Крон садои тифлро нашнавад.
Худои тавону қудрат Зевс ба воят расид. Бар зидди падари хеш шўрид ва ўро маҷбур сохт, ки фарзандони зинда балъидаро ба олами равшан баргардонад. Крон паи ҳам писаронро баргардонд аз даҳон. Онҳо шўриданд зидди падар. Азаматҳои бонуфуз Кронро тарафгирӣ карданд...
Пурдаҳшат буд мубориза. Фарзандони Крон ба кўҳи Олимп ҷой гирифтанд. Азобашон сахт буд. Азаматҳо (титанҳо) пурзўр буданд. Деви Якчашм ба ҳимояи писарон бархост ва сўи азаматҳо ҳамлавар шуд. Мубориза даҳ сол тўл кашид...

пешина
аз 421
навбатӣ