Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зевс тасмим гирифт, ки азаматҳои саддастро аз қаъри замин озод кунад ва ба ёрӣ хонад. Азаматҳо ҳар кадом кўҳсон аз зери Замин бурун омаданд ва ба ҷанг даромаданд. Онҳо аз кўҳи Олимп харсангҳову шахҳои азимро канда, сўи душманон меандохтанд.
Вақте ки душман ба доманаи кўҳ часпида баромаданӣ шуд, садҳо харсанг сўи онҳо мепарид. Замин ба фарёд омад. Фазо пур аз раъд шуд. Замину замон биларзид. Замин оташ гирифт, баҳр ҷўшид.
Фазоро дуди сиёҳ фаро гирифт.
Оқибат азаматҳо мағлуб гашта фирор карданд. Онҳоро аз дарвозаи даҳшатбори Тартар дарун ронданд ва дарвозабон гузоштанд аз саддастҳо, ки то қиёмат берун наоянд...»

Чошти рўзи одина Зуҳур зери дарахти зардолуи ҷавпазак мехобид. Мардон ба масҷиди одина ба намоз рафтанд, Зуҳур хобида буд. Аммо чашми сараш бедор ва чизе пеши назар меомад. Хоб пахш мекард, хеста наметавонист. Чизеро медид. Вале намедид, ки писари камақли бехирад аз ҳезумхона табар бардошта баромад.
Сонӣ табарро пинҳон кард дар пушт. Нўг-нўги пой ҷониби падар омад чунон ки гурба барои пахш кардани муш. «Мебинем, кӣ зўр». Ў аз зери дарахти тут, ки Зуҳур Нориро аз милааш овехта буд, гузашт. Оҳистатар қадам мемонд. Девонаи алқбохта ҷуз сари падар чизеро намедид. Наздик омад, тори сари падар омад. Табар бар ҳаво бардошт ва фарқ накард, ки мўҳраи табар мезанад ба сари ў ё неши он...
— Бобо!!! – садои талху тунд омад аз ҷониби хона. Зуҳур чашм кушод, як назар писари девонасуратро диду чашмаш сиёҳ зад...
Писар табарро партофта гурехт ва ғайб зад аз деҳа...
Зуҳур аз зарби паҳлўи табар, ки тори сар расида буд, аз ҳуш рафт ва муддатҳо гузашту боз он садо ба гўшаш хўрд: «Бобо!» Садои пасту хастаи набера ба гўшаш мерасид, аммо фарқ намекард, ки хоб аст ё бедор. Дарёфт, ки тори сар дард дорад ва як ғубори мағшуш сари теппаҳоро гирифта, нагузорад, ки ў ҳавои тозаро бинад... Чун гурбаи нимҷон «мӣ» гуфт. Дастон боло бардошт, ки чизеро медошта бошад, сар бардоштанӣ шуд, натавонист.
— Додо!
— Бобо!
Ба ҷои ҷавоб хаёле абрўяш ҷунбид, гўё ҷавобаш чунин буд.
— Мардак, чӣ шуд ба шумо? – зан аз куҷое расида, табари болои сари шавҳар ба замин фурў рафтаро дида, ҳангаш канд.
– Чӣ балое? – аз духтар пурсид. Ў китфон дарҳам кашид. Набера ҷавоб дод:
— Тағо...
Модар аз ин ҷавоб равшание дарк накард, баргашта ба набера нигарист:
— Чӣ хел тағо?

пешина
аз 421
навбатӣ