Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Бегоҳи чоршанбе боз Иззатро ба хонаи Зуҳур бурданд, ки гўё аз мурдаи набера тарсида шаборўз олоӣ мегуфт. Иззат ин дафъа ўро дуртар аз хона, зери дарахти бед бурд, ки бораш сабук аст.
Нишонд зери дарахт. Аз шохи бед навдаҳо шикаст. Дар нўгаш кўҳналатта баст. Оташ гиронд. Алас кард: се бор ба тарафи рост гирди сари ў гардонд, се бор ба чап: «Алас, алассс, алассс... Ҳа бадбахт, ҳа сарсахт, пушти кўҳи Қоф бирав! Алассс... Гум шав, шум шав... алассс, ҳа бадбахт, ҳа сарсахт...» Оташ ба канори ҷўй андохт, якбора ба сару рўи касал об зад. Зуҳур як қад парид. Пасон гўши ўро дошта, сахт кашид ва оҳиста садо баровард: «Ҳа, бадбахт, аз ин рўзат мурӣ, беҳтар... ҳа сарсахт! Дар ҷаҳон нагардӣ, хубтар...
Ҳа, шўрбахт! Мард нашуда рав! Гум шав! Шум шав! Ба ҷои ту мебудам, худамро меовехтам, ҳа бадбахт, ин беҳтарин роҳ аст...
Ҳоло ҳам дер нашудааст, ҳа сарсахт!» ва бо кафи дастон тарки сари беморро дошта, пахш кард ва кафбакаф қарс зада, эмдастӣ ҳам нагирифта, ба пасаш нигоҳ накарда, рафт. Чизе нагуфт, ўро зери дарахти бед вомонда рафт. Худашон беморро се рўз парҳез кунонданд...
Зуҳур беҳӣ намеёфт. Гоҳ-гоҳ ба ҳуш омада, ба зан дўғу даранг мекард, ки ҳама воситаро кунад, то ў беҳ шавад, дар пеш корҳои бузург ҳаст...
Чилёсин кардан, нашуд, кўчонданд, нашуд... Тан доданд ба носолимии ў, аммо худаш тан намедод. Ҳамин ки заррае ба худ омад, ҳокими мутлақ шудан мехост... Боз наъра мезад, боз дўғу даранг мекард, боз дунёро дигар карданӣ буд, аммо касе намедонист, ки дунёро чӣ гуна ва чун дигар мекунад...
ТЎФОН
Як марди камондори номусулмон Зуҳурро пурсида, ба хонаи
ў омад, дуввумаш омад, саввумаш омад. Ҳар се мусаллаҳ, савори
аспони хушҷилав, зину афзорашон русӣ чун зину афзори аспҳои
кўҳбонон; шапкапўши мўйлабдор, аз сари китфу сари сина тасмаҳо
гузаронида, шамшер низ доранд. Чунин саворони мусаллаҳро
мардуми деҳа танҳо дар афсонаҳо шунида. Шунида, ки камон
дораду найза дораду гурз, лекин чунин, ки дар сари сина тасма
дошта бошад, каллапўшаш қарокўлии чукка ва аспаш хушҷиҳоз
бошад, нашунидаву надида... Меҳмон – атои Худо. Лекин Зуҳури
гаранг бо ў чун кунад. Иззат медонад, ки онҳо ноҷо ва новақт
омаданд, ў парҳезист, набояд ба наздаш ғайр дарояд. Вале онҳо
даромаданд. Зуҳур натавонист, ки шарҳи воқеа гўяд ва ба чунин
рўз расиданашро ҳикоят кунад. Аз занаш пурсиданд, чизе нагуфт,
аз духтар пурсиданд, даҳон накушод, Зуҳур навъе карда фаҳмонд,
ки дар интизории эшон ба чунин рўз расид. Онҳо пеш оварданд,
ки гвардиячиён пароканда шуданд, ҳоло дар тамоми Туркистон реша давонда, ба имдоди мусулмонон бояд хокимиятро ба даст оранд, боз салтанати шоҳӣ ронанд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор