Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Ягона умедашон Шўроҳои Тошканду Фарғона аст.
— Охир, чаро дер омадед? Худам ҳамаашро ҳал мекардам!
– гирён ва худро тазйиқ дода гуфт Зуҳур. Онҳо ўро тасаллӣ медоданд.
— Ҳеҷ дер нашудааст, мулло Зуҳур. Ҳама умед ба шумо...
Мусулмононро ҷамъ карда, фаҳмонидан лозим, ки ғазо кунанд.
Гуфтан даркор, ки дар кишвар номусулмонӣ мешавад...
Зуҳур он вақт дида буд дар Самарқанд чунин касонро, вале ёд надорад, ки инҳо онҳоянд ё дигар. Чизеро фарқ намекард ва намедонист, ки меҳмонон барои чӣ омада. Нишасту нишаст, ба сараш зад, ки шояд хабари фавти писарро шунида омада бошанд.
Оятро сар кард: «Аъузу биллоҳи мина шайтони раҷим...» ва даст бардошт, гўшаи чашм кард ба дигарон. Онҳо низ даст бардошта буданд. Давом дод: «Тариқи раҳмат, шоистаи ҷаннат...» даст ба рўй кашид, дигарон низ. Баъд пурсиданд.
— Писарам, писари калони зангирам... – гирист Зуҳур.
Меҳмонон таҳаммул карданд ва сабаби ба чунин ҳол афтодани Зуҳурро дарёфтанд. Баъд ба таҳлука афтоданд:
— Мо меравем, мулло Зуҳур.
Зуҳур нафаҳмид мақсади онҳоро, дами дарун шуд ва аз болохона фарёд зад:
— Мардум, биёед! Меҳмонон омаданд!!! Мусулмонон, биёед!
Ва аз домани ў дошта кашиданд, ки мардум барои онҳо чӣ лозим? Онҳо мардумбинӣ наомадаанд, балки ба илоҷи воқеа пеш аз вуқўъ омадаанд.
— Эй мард, ба мо мусулмонон лозим... Онҳоро ҷамъ карда бояд фаҳмонд, ки пагоҳ-фардо кофирон ба ин ҷо лашкар мекашанд, ҳамаро зери пой мекунанд; на мусулмон мемонад, на мусулмонӣ, на зан мемонад, на духтар, на шараф мемонад, на номус... на мол мемонад, на молдор...
— Ман барои шумо чанд шаборўз тўй додам, наомадед, таъомҳо дар дегҳо ганда шуданд, халқ аз рахбонӣ чашм сафед кард.
Инак ҳазор дод занам ҳам, намеоянд... бовар намекунанд. Бинед ошдонҳоро. Чӣ қадар дегҳо қатор шинонда будам... Дер омадед, дер... Гуноҳи ман нест... Халойиқ пароканда шуд.
— Фарёд кунед халқро, гўед, пароканда нашавад, муттаҳид шавад. Вагарна рўзе, ки ба сари мужикҳои рус омад, ба сари шумо низ меояд... Медонед, аз ҳама чиз маҳрум мешавед, ҳама чизатонро кашида мегиранд... гўед! Дар Русия дуҳокимиятӣ шуда, гўед!
Овозаи «камбағал ҳоким шуда» дурўғ, гўед! Боз гўед, ки камбағал ҳеҷ гоҳ бой нашавад, зеро ў дилу нияти бойшавӣ надорад, умедаш, ки шикамаш сер шавад... Рўҳаш мувофиқ нест... Рафту бой гардад, девона мешавад. Гўед, ки камбағали баногоҳ кўзаи зар ёфта чун девона нагардад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор