Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фарбеҳиро гўсфанд мебардорад, гўед! Алҳол ҳамин қадар гўед, бас. Дигарашро баъд мефаҳмонем...
Ба гўши хар азон мегуфтагӣ барин Зуҳур ин ҳарфҳоро нафаҳмид. Ба хона бод даромад, меҳмононро сармо зад, вале ў ҳоло ҳам сари зина истода ягон-ягон фармон медод:
— Сарашро гиред! Зудтар! Каллабур ҳаст?!
Ва меҳмонон нафаҳмиданд, ки ў чӣ мегўяд, ба кӣ мегўяд, сари киро гиранд. Ба ҳар ҳол таппончаҳо дар бағал медоштанд, ки ақаллан ҷонашонро ҳифз кунанд. Онҳо ба ҳамдигар нигоҳ карданд, яке каме мефаҳмид тоҷикиро ва аз рўи гуфтаи ў безобита шуданд. Дарро сахт пўшиданд. Парешон буданд. Зуҳур ҳоло ҳам сари зина фармон медод:
— Куҷо шудед?.. Нонвойҳо куҷо шуданд? Ошпазҳо ку? Қассоб ку? Кайвону куҷост? Қассооб!
«Ҷаллод» расид ба гўши меҳмонон, дарро аз дарун маҳкам карданд. Ва аз сўрохии паи тир, ки Зуҳур барои нобуд кардани усто Қодир аз дарун парронда буд, рафтори ўро мушоҳида карданд. Зуҳур даст қулочкаш пеш мебурду боло, ки ба мардум аз сари минбар ваъз мегуфта бошад.
— Меҳмонони азиз аз раҳи дур омадаанд, зуд бошед, танбалҳо!
Наход меҳмони олиқадрро ҳамин қадар маътал кунед!
Меҳмонон дарро кушода баромаданд. «Боз меоем» гуфтанду рафтанд. Зуҳур чанги аспашонро медид, худашон паси ғубор буданд.
Баъди рафтанашон миш-миш шуд, ки Зуҳур меҳмонони нохондаро аз даргоҳаш рондаст. Ҳарчанд чунин кор ба феъли Зуҳур мувофиқ нест, мардум бовар карданд, ки ба ў чӣ шуда бошад.
Аслан барои ў фарқ надошт, ки киро қабул мекунад: дўстро ё душманро? Душмани дўстро ё дўсти душманро. Ба ҳар тақдир ин дафъа омад накард...
Умар омад назди Бурҳон ва хабар овард, ки Зарафшон ба пули Калонӣ гашта; зери пули Хурдӣ ғиҷоба ҳам намеравад. Зарафшон ба соҳили рост бархўрда, домони дашти Ёриро меканад, ҷаркан карда, нимдоира гашта, садои хунхор бароварда, пуршаст ба шахи паҳлўи пул зада, сарнагун ба пушт омада, зери пули Калонӣ туғён мекунаду тўфон; пургилу пуррегу пуркафк зери пул кўли калон ба миён меояд; ором мешавад рўди пуршўри аз баландиҳо фаромада ва поёнтар дар ҷое, ки дуобаи зери пулҳо ба ҳам меоянд, гирдобе пайдо мешавад. Зарафшон гирд мегардаду гирд, гўё сари он зери ронаш монда гирд мегардаду гирд ва ҳеҷ наметавонад сар аз зери бори вазнини хеш раҳо карда рў ба пеш орад. Гирд мегардад, даҳона ба миён меояд; ба назар танг мешаваду фарох, ки дунёро фурў бурданӣ бошад. Шохҳо, мурдаҳо, селовардҳо... дар даҳонаи он гирд мегарданду мечарханд ва фурў мераванд ба коми нестӣ.
Аён нест, ки замин мекашад ва ё анборест зери об... Ва баъд Зарафшон ба тангнои гулўгир дучор меояд, дамма карда, зўр зада, садд шикаста, ба ҳамворӣ мебарояд.

пешина
аз 421
навбатӣ