Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Боз кай ману башконамро сангсор мефармоӣ?
Қозии Шохдор боз гарданак мезад. Ба хаёлу орзуҳои хеш банд базўр ҳарфи Шарифаро шунид ва беҳушона дарёфт, ки қасди занак сахт аст, ба осонӣ аз дасти ин зан раҳо нахоҳад ёфт... Ў илоҷе наёфт ва дастон раҳо карда боло бардошт, то Шарифа дида, рафти асп боздорад ва фаҳмад, ки мардак тан дода ба мардии ин зан.
Вале Шарифа аспро бознадошт, паст наомад, то қозии Шохдор ба зорӣ дарояд ё қасам ёд кунад. Ў ин дафъа ба рони Шарифа не, балки ба шонаи асп тап-тап зада, хоҳишашро маълум кардан хост, аммо Шарифа худро ба нодонӣ зад.
«Ша-ари-ифа-або-о-ну!»
Миёни лабу дандон, гўё ба зўри ҷон ва таҳлукаи ҳаёт ба ҳаво омехта баромад ин ҳарф ва Шарифаро андаке суст кард. Ҳарчанд медонист, ки ин морбозист ва қозии Шохдор ҳеҷ гоҳ ўро чунин ном нагирифта; эй, мегуфт, бева мегуфт, саибаи усто Қодир ном мебурд ва ҳоло дар баромади ҷон Шарифабону мехонадаш. Ба ҳар ҳол таъсир кард ба ў, сустии занонааш ба мардонагиаш зафар ёфт; суст шуд гашти асп, суст гашт дасту пояш ва монда буд, ки гиребони марди маккор раҳо кунад. Доду фарёди мардони кўча ўро боз ба худ оварданд. Онҳо дузд, роҳзан, қотил пиндоштанд саворро ва сўяш ҳуҷумовар шуданд. Шарифаро парво набуд аз ҳуҷуми эшон. Балки сахттар дошт гиребони қозӣ ва боло бардоштанӣ шуд, ки зўраш нарасид. Қозии Шохдор ғиреву ҳаяҷони мардумро пай бурда, ҷон гирифт ва барои нангу номус ҷон меканд, то аз дасти ў раҳо ёбад. Аммо Шарифа тозиёна зад аспро. Асп якбора аз ҷўи канори девори қозӣ ҷаҳид ва саҳл монда буд, ки савораш пушт паррад. Ў худро боздошт ва нахост сайд аз даст равад. Мардум нашинохтанд саворро, ангез доданд ҳамдигарро, то ба ҷилави асп расида боздоранд...
Асп қадам тез кард. Гардани қозии Шохдор зери рони Шарифа, думбааш замин соида мерафт. Эзораш баромада, дар ҷўи об тар шуда, рўи роҳ асари тарӣ мегузошт. Нўги пой омад эзор, боло рафта буд курта.
Якбора лаҷоми аспро кашид Шарифа. Боздошт. Рўй сўи мардуми ғиревида овард. Телпаки гўшакдори аз мардикории Русия овардаи Бурҳонро аз сар гирифт:
— Чӣ мехоҳед аз ман?!
Ҳама бозистоданд, чунон ки аспи ў якбора истода буд.
— Мехоҳед, ки ин махлуқ боз бароятон ҳукми ноҳақ барорад, сангсор фармояд? Барои касе шуда, барои як мирӣ шуда, ба хотири хотирҳо? Ба шумо лозим бошад, бигиред ўро! Лекин аввал савганд ёд кунад, ки ба касе осеб намерасонад! Аз касе қасос намегирад!
Касеро ноҳақ ҷазо намедиҳад!
Мардум ҳайратзада буданд. Ҳайраташон аз ҷасорати зан буд.
Ҳарчанд медонистанд, ки ин кор барои Шарифа нав нест, балки касб шуда, ангушт мегазиданд, забон мехоиданд, китф ғунча мекарданд.

пешина
аз 421
навбатӣ