Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Шарифа гўё ба мурод расида буд. Кӣ будани қозии Шохдорро ба мардум фош кард. Инак гиребони ў аз чанг раҳонад ҳам, мешавад.
Касе ҷома андохт ба ҷои бараҳнаи қозии Шохдор, вале эзори тари дар нўги пой ҷамъшудааш хандаи кўдаконро меовард ва ба таври худ чӣ андешаҳое доштанд, чӣ гумонҳо мекарданд...
— Савганд ёд кунад ин пирхар!
Гўё барои мардум гуфт ин ҳарфро, то онҳо донанд, ки миёни эшон чизе нест. Аммо қозии Шохдор зуъм карда буд, ки байни мардум аст ва ўро куштан нагузоранд; саворро бозмедоранд, аз чанги уқоб раҳояш мекунанд, умри дубора мебахшанд.
— Агар савганд ёд накунад, ман ўро зинда нагузорам!
Ҷилави асп гардонд. Асп боз қадам зад. Думбаи қозӣ замин соид. Ў боз даст боло кард. Тан дод:
— Қасам ба ҳафт пуштам... Ба ҳафт... пуштат... зарар намерасонам!
— Шунидед?!
— Шунидем!!!
Ва Шарифа гиребони ўро раҳо кард. Ҷасади қозии Шохдор рўи роҳ дароз ёзид... Савор аспашро тозиёна зад...
ДУОБА
Ва он рўз Бурҳон дар деҳа набуд. Ҳамроҳи Умар ба Некон рафта буд. Дар дуобаи рўдаки Некону Панҷрўд, дар ҳамвории зери тути марворидак Умар ба Бурҳон Қаҳорчаву Ғаниро шинос кард: «Дўстони падарам – амакони ман». Бурҳон дар бораи Қаҳҳорча зиёд шунида буд, аммо дар бораи Ғанӣ чизе нашунида; намедонист, ки Ғанӣ ин қадар ҷавонмарди хандаовар будааст. Ба назари ў мағзи сари Ғанӣ дар пешониаш ҷамъ шуда, пешониашро дамондааст. Хараки бинӣ фурўрафта ва нўги биниву лабонаш барҷаста метобад; чашмонаш низ фурўрафта, ба назар, аз зери пешонӣ нигоҳ мекунад. Ва пай мебарад, ки таваҷҷўҳи каси аввалин бор дида ба ў зиёд мегардад...
«Дурусттар нигаред, маймун бинад!»
Ў тарзе димоғӣ мегўяд, ки кас нахандида наметавонад. Вале зимни хандаву хушгўии Ғанӣ диққати Бурҳон ба дигар чиз банд мешавад: он тараф аспҳо мечарад; ба зину банд. Қаҳҳорчаву Ғанӣ низ банду каманд доранд, шамшеру камон доранд, гўё ба шикор мераванд. Умар даҳон пур кунад, то пурсад, худдорӣ менамояд ва Бурҳон лаҳза ба лаҳза ба Умар менигарад ва ишора дорад, ки оҳушикор мераванд:
— Оҳушикор меравед, амак?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор