Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба саволи Умар Қаҳҳорча табассум мекунад ва кўтоҳ ҷавоб мегўяд:
— Одамшикор.
Пасон авзоъ ва ҳайрати онҳоро дида, ҳарфи рост мегўяд, то аз хиҷолат барорад:
— Ҳеҷ гуна шикор не, ҷони амак, худамонро муҳофизат карданием. Шунидем, ки хокамонро помол карданианд, ба ҳимояи Ватан бархостем. Ҳар кӣ ватани хеш ҳимоя накунад, аз ҷинси башар нест, навиштаанд дар достонҳои қадима...
Чунин гуфт, вале шарҳ надод. Бурҳону Умар пай бурданд офатеро, аммо чизе напурсида Қаҳҳорча идома дод:
— Шумо тасаввур кунед, ки киштаатон сар кашида ва онро аз ду ҷониб помол мекунанд: ҳам аз Офтобнишин, ҳам аз Офтоббаро... Чӣ шавад кишта?
Ба Бурҳону Умар маълум, ки аз Офтобнишин кӣ меояд: онҳое ки соли шасту чаҳори асри сипарӣ омада буданд; аз Чимкенту Тошканд то Бадахшон истило карда буданд ва ҳама ҷоро мутеъ гардонда буданд; рўз ба рўз, моҳ ба моҳ, сол ба сол қитъа-қитъа, лахта-лахта заминҳоро, туману шаҳрҳоро ишғол карда ба Русия ҳамроҳ карда буданд. Маълум. Аммо аз Офтоббаро кӣ меояд?
Маълум нест. Пурсед, меранҷанд. Бурҳон диқкат кард, ки абрўи Қаҳҳорча гирифт. Ғанӣ сар хам дошта, як зайл меҷунбонд. Ба назар вазни кўҳҳои азим пеши андўҳу андешаи онҳо сабук метофтанд.
— Тагсангу рўсанг мешавем, орд мегардем...
Маълум набуд, ки Қаҳҳорча ин ҳарфро барои худ мегўяд ё барои онҳо. Вазнину андўҳгин ва андешаманд мегўяд. Ғанӣ сар меҷунбонад. Бурҳону Умар чизе намефаҳманд.
— Мо бояд бисёр шавем, мо бояд садди Чин гардем, то касе ба ватанамон рахна назанад. Вагарна хокамон ғилбор мегардад ва моро аз чашми ғилбор мегузаронанд.
— Ҳамун гапата гўй, Қаҳҳорча! – Ғанӣ чашмонашро тангтар карда, фўку нўги бинӣ боло дошта гуфт: – Ҳамун гапи баҷоиятро, ки ҳамчу тилло дар ҷайбакат дошта мегардӣ...
— Ҳа-а... Пеш мегуфтем, ки барои ганҷи Кўҳистон меоянд, инак мегўем, ки барои одамонаш меоянд... Одамонашро бурдан лозим ё нест кардан... Шумо ба баталиони коргарӣ рафта будед?
Медонам, рафта будед... Мо ҳам рафта будем, – ба Ғанӣ ишора карда гуфт ў. – Мо бояд муттаҳид шавем, аз як гиребон сар барорем, вагарна...
Аз каҷроҳаҳои боло, аз уреброҳаҳои паҳлў, аз роҳи калони Зери Ҳисор ҷавонмардон меомаданд. Ҳама тоқӣ доштанд дар сар, танҳо Ғанӣ лачак баста буд аз фўта. Ва як мард аз Зери Ҳисор корсони ҷурғот бардошта меомад ва дастархони нон дар банди дасти росташ ҳамоил буд. «Мулло Шералӣ меояд» зери лаб гуфт Ғанӣ ва ба паҳлўи Қаҳҳорча оринҷ зад, ки ҷониби деҳаи Даштак нигарад.

пешина
аз 421
навбатӣ