Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нашуд. Мурод ҳосил нашуд, наъра заданд... Шох заданд ба дарвоза, сум заданд заминро... Садои тир омад, тарсиданд барзаговҳо, хомўш монданд, сукут варзиданд...
Деҳа хомўши хомўш буд. Танҳо рўди Муғ мўя мекард, нола дошт бар мотами онҳое, ки ҳар сабо дасту рўй аз ин об тар мекарданд. Пок мекард тани нопокро Муғ, аммо чунин нопокиро тоза карда наметавонист. Хунҳои омехтаро бурд. Аз «қатли ом»
тарсида худро ба об афкандагонро низ бурд, аммо мурдаҳои рўи ҳавлӣ, дами дар, сари гаҳвораву даруни гаҳвораҳоро бурда натавонист.
Барзаговҳо сум мезаданд ба замин, беқарорӣ мекарданд, думи пўпакдор афшонда, пашшаҳоро меронданд аз хеш ва аз майити рўи омоҷ хобида, то напошанд ба лабу даҳони ў. Бонг мезаданд, бонги изтироб, ки дар деҳа касе ҳаст ё на...
...вале хомўш буд деҳа...
Мўя мекард рўди Муғ, нола мекард рўди Муғ; хафиф, гирифта садо мебаровард; ашк мерехт, ашки равон. Ва махсусан шаб, ки пардаи сиёҳи мотам ба рўи деҳа афканд, чунон ҳамаро хомўш гардонд, ки садои чирчирак намеомад. Гўё ғукҳо низ ҳама хештан ба рўд андохта поён рафтанд. Дарди Муғ боло гирифт, садояш баланд шуд ҳамчун модари фарзандмурда. Танҳо Муғ мегирист ба мотами ҳама, танҳо вай нола мекард, гўяндагӣ мекард: танҳо вай дида буд ин фоҷиаи хунинро, танҳо вай шаҳодат медод чунин гирудорро, ҷумла мардуми фавтида наметавонистанд ба ин қиссаи даҳшатзо шаҳодат бидиҳанд: ҳар кӣ дида буд, аз дами теғ гузашт, ҳар кӣ карда буд, лом намегуфт аз ин қисса...
Садои саге баромад дар дили шаб ва зуд хомўш шуд. Чуғз низ се бор аз тори чанори болои деҳа чуғ гуфту хомўш гашт. Танҳо нафаскашии барзаговон меомад аз дами дар ва онҳо садои сагро шунида гумон карданд, ки соҳиба дарвозаро мекушояд. Онҳо ҳарос доштанд, фоҷиаро дида буданд, забони гўё надоштанд, ки қисса кунанд ва метарсиданд аз овоз баровардан. Гўё деҳаро гург гирифта ва сабаби як бор ак зада хомўш гаштани саг ҳам он буд, ки гургон имкони дубора садо баровардан надоданд... Сар хам карданд онҳо, хомўштар шуданд...
Аз куҷое садои хишир-хишир омад, гўё касе дар фасли хазон замин мерўфт, гўё дузде бекасии деҳаро дониста, дандони тилло аз даҳони мурда мерабуд. Меомад садои шипир-шипир ба гўши барзаговҳо. Онҳо бонг заданд, гум шуд садою шарфа. Садои нола баромад паст, пасон баланд. Ба нолаи гург мемонд ин нола: «Аууу!
Аууу! Уввв! Уввв!» Алам мекашад хоҳаре бар марги бародар...
Бонг зад барзагови аввал, бонг зад барзагови дигар ба умеде, ки мерасад касе ба додашон. Вале хомўш буд деҳа. Аён буд, ки дузде мегардад; аз канори деҳа, аз боғҳо, аз ҳавлиҳо садову шарфа меояд, хазон мешиканад зери пой.

пешина
аз 421
навбатӣ