Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Боз хомўшӣ мегардад: деҳа ба гулўи тангу гирифта мемонад ва ба пуффаки пур, ки ана-ана мекафида бошад...
Харе ҳанг зад, хурўсе бонг. Хомўшии дилгири шаб шикаст. Боз нола боло шуд дуру дароз: «Аууу-аууу-аууу!» Ва як садои дигар дами субҳ ба ин садоҳо ҳамроҳ шуд: «Во ҷигарам, во хонем!»
Барзаговон фарқ карданд ин овозро аз дигар садоҳо: пуралам буду гўё; ба мисли дигар садову нолаҳо рамзӣ набуд, ташхису тамсил надошт. Шояд ин овозе буд, ки бехабар аз «қатли ом»
зану фарзанд дар хона мурда дарёфта, овоз баровард... Садои дигар аз як гўшаи деҳа боло шуд: «Во алам!» Пасон аз гўшаҳои дигар садоҳо сар кашиданд; гувоҳӣ медоданд, ки деҳа пойдор аст; одамонаш нобуд нашуда, онҳо касоне буданд, ки имкони гурез ёфта, ба дараҳо паноҳ бурда, баъди гузаштани мўҳлати қатли ом баргаштаанд. Ба марги падару модар, ба марги зану фарзанд, ба марги ёру бародар боло мешуданд нолаҳо. Қиёмат қоим гашта буд ин субҳ. Дар гиряи пайвандон сухан намерасид, ки ин фоҷиаро ифода кунанд. Гила аз Худо доштанд, шикоят аз дунёдор; рўй меканданду мўй; ба сари зону мезаданду менишастанду мехестанд, додрасе набуд, имдоде набуд...
«Кӣ гўр мекунад ин мурдаҳоро? Куштанду рафтанд, мардон намерасанд, ки гўр кунанд». Ва мардон дар ҷанги тан ба тани он сўи рўди Муғ нобуд шуда буданд, истодагарии онҳо, мардонагии онҳо, бераҳмиву шуҷоати онҳо деҳаро ба чунин ҳол овард; агар зуд тан медоданд, таслим мешуданд, аскаронро нобуд намекарданд„.
муқобилият нишон намедоданд ва агар Холиқул аскарбаччаро дар мазор оташ намезад... қатли ом эълон намешуд. Гумон доштанд ҷангро мебаранд, пиндоштанд як мард сад саллот кушад; хаёлашон деҳаро, ватанро, зану фарзандро ҳимоя мекунанд, ба дасти душман намедиҳанд. Хаёли хом буд ҳамаи ин. Ҷангро ҷанги мушту гиребон донистанд, досу калтак пиндоштанд... ва мурдаашон бесоҳиб монд. Мурдаи аҳлу аёлашон низ бесоҳиб. Мурдаи деҳқони рўи омоҷ бесоҳиб, мурдаи зану фарзанди деҳқон даруни дарвоза бесоҳиб. Яке аз мурдаи дигаре хабар надорад. Миёна як дарвоза, вале чунон дур, ки то қиёмат...
Рўз шуд. Афсона гашт ин қисса. Хешони дуру наздик омаданд...
Тобут намерасид, кафан намерасид, гўркан намерасид, гўр намерасид, ғассол низ... Аз Сўҷина омаданд, аз Сўфиён омаданд, аз Дашти Малла омаданд, бегонагон ба лаҳад гузоштанд занҳоро ҳамчу маҳрами гўр.
Рўзи маҳшар буд ин рўз...
Отряд дар парчи пули Сўҷина, зери бедҳои қатори канори
рўди Муғ рўи суфаҳои қатор, ки барои дамгирии аҳли деҳ сохта буданд, хайма зад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор