Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Пеш бояд рафт, ҷанг бояд кард, – ҳамчун тарҷумон арз кард Мирзо Аҳё.
— Ҳо, ҷанг бояд кард, лекин бо кӣ?
Командир духўра савол дод, ҳама бо душман ҷангиданро фаҳмиданд, аммо бо қадом қувва ҷангиданро дарёфт накарданд. Танҳо командир медонист, ки бо чунин қувваи ночиз бар зидди дастаҳои номаълум бархостан аз рўи адолат нест, рафту ҷанг карда корашон барор гирифт, қаҳрамонист. Агар бо чунин қувва бар душман зафар ёбад, қаҳрамонии беназир хонанд... Қуввате андаруни ў ангехт, бардораш дод, ки то алвақт нашуда буд – қувваи шўҳрат, қувваи эътибор.
— Баччаи амондарагӣ, ба разведка меравӣ?
— Меравам! – андеша накарда ҷавоб дод ў ва ба назари Командир расид, ки сабуксорӣ дорад ва дар чунин сабукии ў макре бояд бошад.
— Киро ҳамроҳ гирифтан хоҳӣ? – муғамбирона буд ин савол.
— Касеро шумо раво донед.
— Лёня мешавад?
— Ў тарсончак аст, рафиқ командир.
— Мулло Исрофил чӣ?
— Ў худро аз ман калон мегирад, ҳарфамро гўш намекунад.
— Пас худат интихоб намо.
— Танҳо меравам...
— Танҳо меравӣ? Пас бирав!
Ҳар ду аз ҳам шубҳа карданд. Барои он ки ҳарду зуд ба чунин қарор розӣ шуданд. Мулло Тош бо нўги мўза ба замин хат мекашид. Командир ва дигарон ба рафтори ў таваҷҷўҳ мекарданд.
— Камон кифоя ё пулемёт мегирӣ?
Мулло Тош барқосо ҷониби командир нигашт, аммо чизе нагуфт. Пай бурд пичинги командирро: «Бовар надорад командир».
Мулло Тоши биникалони уқобчашм ғамӣ гашт, аз пешниҳодаш пушаймон шуд ва барои аз хиҷолат баромадан гуфт:
— Як корди шикорӣ кифоя.
— Пас, бирав!
Мулло Тош дар Дашти Малла ҷудо шуд аз онҳо. На бо роҳи калон, балки ба бероҳа рафт: даҳонаи Калтановаро гузашта, ба чокии роҳи Ниёзканда нарафт, ба адир часпид ва сари бораи Сурх рафт, ки ҳам қабристон хуб метофту ҳам теппаҳои паси Қашқоӣ.
Хам хўрд аз назари отряд. Дар паси буттаҳо хам хўрда рафтанаш кирдору рафтори разведкачиро мемонд ва командир дида, дар дил хулоса кард, ки бо чунин рафтор аз миёни дастаи душман ҳам роҳ ёбад ин бачча... аммо чаро якбора ғайб зад?.. Дар теғаи баланди бораи Сурх сиёҳие як бор тофту боз ғайб зад ва ҳарчанд командир дида ба он ҷо дўхт, чизе пайдо нашуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор