Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Фиребгар аст ин бачча»
хулоса кард ў андешаҳояшро ва ба тарҷумон рў овард:
— Чӣ мегўӣ, Мирзо, ў бармегардад ё не?
— Бармегардад.
— Мулло Тош баччаи пок аст, – ҳамроҳ шуд Мулло Исрофил.
– Номаш – Мулло, аз муллоӣ чизе надорад, чунон ки ман.
— Шояд пок бошад... лекин баъзе рафтораш касро ба шубҳа меорад.
— Баччагиҳо дорад, рафиқ командир; сода, гўл... Покиву содагӣ ҳама вақт ба дили одамон шубҳа орад...
Аскарон аввалин бор дар лаби командир табассум диданд, лекин нафаҳмиданд, ки асбоби табассуми ў чист; зеро ҷои табассум набуд. Пештар ҳамраҳонро ба хок супорида буданд, омади кор хуб нест, Мулло Тош дигар дар сари теғаи Сурх наметобад; шаб фаро мерасад, манзил муайян нест... ў механдад. Магар чунин ҳол ба худи командир хуш наомад, ки номаълум лаб зери дандон гирифт, ваҷоҳаташ дигар шуд; худ аз худ ба чизе ё коре ва ё касе итоат кардагӣ барин сар андохт. Сабаби сар андохтанашро худ донад, асбоби табассумро низ... Дар дил рози дигар дошт: пардаи тирае, ки рўи замин паҳн мешуд, ба дили ў кора кард; хавф кашид аз ин ҷо истодан; хавф дошт аз дастан Холиқул, хавф дошт аз наомадани Мулло Тош.
— Мирзо!.. Мулло Тош чӣ касест?
— Пок... Агар ба даст наафтад, меояд.
— Ҳама гап дар сари он аст, ки ба даст наафтад... агар афтад?
— Набояд...
Нахуфтанд он шаб. Дар ҷои бегона осуда бошӣ ҳам, хоби бароҳат намеравӣ. Ваҷоҳат ва ҳолу парешонии командир нагузошт, ки отряд низ хоб равад. Командир қадам мезаду қадам, аз шарфаи пои хеш дар ҳарос буд, ба атроф менигарист ва гумонаш аз боғот буд, ки дастае ҳамлавар мешуда бошад. Ҳамаро огоҳ кард, ки бедорхоб бошанд, махсусан ба пулемётчӣ фармуд, то омода бошад дар ҳар ҳолат. Зеро дар дашти фарох пулемёт кор медод, махсусан дар чунин шаби ширмоҳтоб... Қадам мезаду қадам ва дар сар мегардонду пеши назар меовард, ки дар гирди ҳавзи гандидаоб ҷанг шавад ва хун ба об омезад, чунон ки ба рўди Муғ. Рўди Муғ хунҳоро шусту бурд, дар соҳилҳо аз худ ҷудо кард хунрову мурдаҳоро, вале ин мурдаоб то хушкидан сурх монад ва ҳамин ки хок фурў кашид обро, дар ҳавз карахши хунин боқӣ гузорад; пасовандон дида, нафрин кунанд ҷангхоҳонро... Баъд ў ба андеша равад, ки чӣ лозим чунин ҷангҳо? Рост, касе надонад, ки барои чӣ лозим... Аз подшоҳе пурсидаанд: «зарр дўст дорӣ ё хасм?»
Гуфтааст: «зарр». Гуфтаанд: «пас чаро он чизе дўст дорӣ, ҳамроҳ ба гўр набарӣ?» Подшоҳ дерёз андешидааст ва аз баҳри дунёву дунёӣ даргузаштааст...

пешина
аз 421
навбатӣ